Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Бо ту кист?
Гуфт:
— Оташак ва Собир ва Самлоди фарзандони Ҳумор ва дигар Сиёҳгилу Соми паҳлавон аз лашкари Хуршедшоҳ ва они Фағфуршоҳ.
Сурхвард гуфт:
— Эшон дар зиндони шоҳ буданд ба дасти Тармаша, чун берун овардӣ?
Сурхвард Оташакро дид, бипурсид. Пас, гуфт:
— Эй модар, об гарм кун ва мумравған бисоз.
Пас, модараш об гарм кард ва мумравған бисохт. Самак аҳволи хеш бо Сурхвард бигуфт. Самак ва он қавм аз фарқ то ба қадами Сиёҳгилу Сом ҳар ду бишустанд ва мумравған дар ҳафт андоми эшон бимолиданд. Сурхвард доруи захм биёвард ва дар захмҳои эшон кард ва эшонро бихобонид.
Сурхвард дарҳол шароб овард ва маҷлиси базм биёростанд ва ба шароб хӯрдан машғул гаштанд, то олам ҷомаи сиёҳ аз тан берун кард ва либоси зарбафт пӯшид ва ҷаҳон сар ба сар мунаввар шуд.
Самак Собиру Самлодро гуфт:
— Ба сарои шоҳ равед ва нигоҳ мекунед ва гӯш медоред, то чӣ мегӯянд. Собиру Самлод бар дари сарои шоҳ омаданд ва нигоҳ мекарданд, ки ногоҳ Тармаша биёмад фарёдкунон пеши тахти шоҳ гуфт:
— Эй шоҳ, Сиёҳгилу Сомро бурдаанд.
Арманшоҳ аз ҷой баромад, гуфт:
— Чӣ мегӯӣ? Зиндон бишикастанд ё нақб барзаданд?
Тармаша гуфт:
— Эй шоҳ, Чандрои Сиёҳро куштанд ва ҳеҷ нақбе ва сӯрохе падидор нест. Ва дари зиндон барҷой бастааст. Надонам, ки чун афтодааст.
Арманшоҳ гуфт:
— Охир, чӣ гуна бурдаанд? Аз осмон даромаданд ё аз замин баромаданд? Ҳеҷ кас бовар накунад. Магар париён бурдаанд. Агар на, одамӣ ба як соат ин кор накунад.
Тармаша гуфт:
— Эй шоҳ, надонам. Аз миёни зиндон нопадид гаштаанд ва Чандрои Сиёҳро куштанд.
Ҳамгинон дар он кор бозмонда буданд, то Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, туро гуфтам, ки эшонро нигоҳдор ё сиёсат фармой, ки душман кушта беҳтар. Самак аз он марде аст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё