Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
ки дар шаҳри Чин миёни чанд тан халойқ дар майдон фарзанди ман — Қобизро бикушт ва биёмад ва риши ман бигирифт, ки маро бикушад, то Шерафкан дасти вай бигирифт ва беш Шерафканро дар миёни даҳ ҳазор савори салоҳпӯшида, бикушт ва андеша надошт, ки агар Шерафкан зинда будӣ, кор бад-ин ҷо нарасидӣ. Эй шоҳ, ту дар кор ғофилӣ намудӣ, ки агар кирдори Самак гӯям, рӯзгор биравад. То ман биравам ва ин зиндонро бингарам.
Меҳрони вазир бо қавме аз хосагиёни шоҳ омаданд ва диданд ва гуфтанд:
— Эй шоҳ, ҳеҷ асаре надидем.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, чунин кор ба андеша барояд. Ман андеша кардам ва ин кор Тармаша кардааст. Аз вай талабгор бояд будан. Бифармой, то ӯро мутолибат 1 кунанд.
Собиру Самлод ҳама маълум карданд ва бозгаштанд ва пеши Самак омаданд ва аҳвол бигуфтанд. Самак бо Сурхвард гуфт:
— Ман ба боргоҳ меравам дар сарои шоҳ.
Сурхвард гуфт:
— Чун Меҳрони вазир ҳозир аст ва туро мешиносад, набояд, ки туро ранҷе расад ва мо тоқат надорем.
Самаки айёр гуфт:
— Эй паҳлавон, андеша мадор, ки ҳар кӣ коре кунад, ва банду кушоди он донад, ӯро мусаллам бошад.
Модар Сурхвардро бихонд ва аз вай доруе хост. Биёвард.
Самак даст дар миён кард ва чизе бадар овард ва бо он дору бимолид, то ҳал шуд. Пас, дар об кард ва рӯи худро дар он об бишуст. Ранги рӯи Самак бигардид. Ҳамгинон бар вай офарин карданд. Гуфтанд:
— Эй паҳлавон, моро биёмӯз.
Самак гуфт:
— Вақт нест.
Ва пас мӯи хеш бозкард ва порае дар пеш афканд. Дарпечид ва миён дарбаст ва чӯб дар даст гирифт ва аз сарой берун омад ва дар миёни мардум фурӯ рафт.
Сурхвард бо Собиру Самлод бар асари вай ба тамошо меомаданд, то Самак чӣ месозад. Ҳама дар боргоҳ омаданд, ки Тармашаро пеши Арманшоҳ оварданд.
Гуфт:
1 Мутолибат кардан — кофтан, ҷустан, талаб кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё