Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй нокас, бигӯй, то ин кор чун будааст вагарна бифармоям, то туро сиёсат кунанд.
Тармаша гуфт:
— Эй шоҳ, аз ин кор огоҳӣ надорам. Ман дар сарой хуфта ва Чандрой дар зиндон мебуд. Ӯро куштаанд. Чӣ гӯям, аҳвол аз кӣ боздонам?
Шоҳ бифармуд, то ӯро чӯб зананд.
Ҷаллодон дар ҳам нигоҳ мекарданд. Ин бад-он мегуфт, ту ӯро чӯб зан, он бад-ин. Ҳар кас андеша мекарданд, ки имрӯз подшоҳ хашм гирифтааст бар вай. Агар ӯро чӯб за-нем фардо шоҳ бар мо хашм гирад, ночор моро ба дасти вай диҳад, моро ба захми чӯб бикушад. Беҳтар аз он нест, ки ӯро муҳобо дорем. Истода буданд, то шоҳ бонг бар эшон зад, ки ба чӣ истодаед?

Пас, ҷаллоде дар миён рафт ва ӯро даркашид ва чӯб зад ва муҳобо мекард. Самак истода буд. Донист, ки му-ҳобо мекунад, гуфт:
— Эй шоҳ, дар чӯб задан муҳобо мекунад. Дастурӣ, ки банда ӯро чӯб занад, то бигӯяд, ки ин кор чун будааст.
Арманшоҳ гуфт:
— Бизан.

Самак чӯб дар даст гирифт ва остин барпечид ва чӯб даргардонид ва як чӯб ба андоми Тармаша зад, чунон ки панҷ-шаш ҷой битаркид ва хун равона шуд. Фарёд аз ни-ҳоди Тармаша баромад. Самак як чӯби дигар зад сахттар аз чӯби аввал. Чун чӯби панҷ расид, гуфт:
— Зинҳор то рост бигӯям.
Самак бо хештан гуфт: «Аз захми чӯб меҷаҳад вагар-на чӣ медонад».

Тармашаро бознишонд.
Гуфтанд:
— Бигӯй, то чӣ гуна будааст?
Тармаша гуфт:
— Чун аз сарои шоҳ берун омадам ва дар паси бозор расидам, ду бародар қассобанд, ки дӯш ба дари сарои ман омаданд ва чаҳорсад динор зар ба ман доданд, гуфтанд:
— Сиёҳгил ва Сомро ба мо деҳ.
Арманшоҳ гуфт:
— Чандрои Сиёҳро чаро куштӣ?
— Гуфт:
— Эшон гуфтанд, набояд, ки ин кор ошкоро шавад. Чун ӯро кушта бошем, гӯянд касе дигар кард ва ин гумон

1 Муҳобо — риоя кардан, раҳм кардан.

пешина
аз 290
навбатӣ