Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

набаранд. Пас, Чандрои Сиёҳро бикуштанд ва Сиёҳгилу Сомро бубурданд.
Самак гуфт: «Ин ноҷавонмарди на марду на зан ду ҷавонро ба дасти хун боздод».
Шоҳ сарҳангонро бифиристод, то ду бародарони қассобро биёварданд ба боргоҳ. Пеши шоҳ хизмат карданд.
Арманшоҳ гуфт:
— Сиёҳгилу Сомро куҷо бурдед?
Эшон гуфтанд:
— Шоҳ, Сиёҳгилу Сом чӣ бошад? Мо хабар надорем.
Тармаша аз захми чӯби Самак менолид, гуфт:
— Дӯш ба дари зиндон омаданд ва чаҳорсад динор ба ман доданд ва Сиёҳгилро ва Сомро бибурданд ва Чандрои Сиёҳро бикуштанд, — он чунон ки ба шоҳ гуфта буд, дуҷандон бигуфт.

Эшон савгандҳо хӯрданд ба яздони додори кирдугор, ки аз ин хабар надорем, на аз Сиёҳгилу на аз Сом ва на аз Чандрои Сиёҳ ва на худ аз ин маънӣ хабар дорем. Ва бо Тармаша на ба неку на ба бад сухан гуфтем. Моро бо зиндони шоҳу бо бандиён чӣ кор?
Меҳрони вазир гуфт:
— Биравед ва сарои эшон биҷӯед.
Сарҳангон ба хонаи эшон бирафтанд ва ҳама хонаро зеру забар карданд ва андаруни берунро биҷустанд ва ҳеҷ нишоне наёфтанд. Пеши подшоҳ омаданд ва гуфтанд:
— Надидем.
Шоҳ гуфт:
— Эй Тармаша, Сиёҳгилу Сомро чӯб додӣ задан?
Гуфт:
— Бале, шоҳ, эшон мубталоанд, натавонанд рафтан.
Меҳрон гуфт:
— Эй шоҳ, Тармашаро банд бояд барниҳод.
Меҳрон ба мӯътамад гуфт:
— Он ду бародарони қассобро пеши ман бояд овардан, то аз эшон боздонам.
Ин бигуфт ва пароканда шуданд. Ва он ду бародарони қассобро ба сарои Меҳрони вазир, бурданд.
Самак рӯй ба Собиру Самлод кард ва гуфт:
— Шумо пеши падар бозгардед ва саломи ман бирасонед, ва бигӯед, то моро ба дуо ёд дорад. Ва Дилоромро бигӯй, ки писарони Конунро медорад ва зинҳор эшонро аз банд накшояд. Собиру Самлод пеши падар шуданд ва аҳвол бигуфтанд. Хумор аз кирдори Самак аҷаб дошт. Пас,

пешина
аз 290
навбатӣ