Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳар яке ба ҷои хеш бозшуданд ва мебуданд, то он соат, ки шаб даромад.

Меҳрон ду бародарони қассобро пеши худ хонд. Чун ҳозир омаданд, эшонро биншонданд ва аз ҳар сухане мепурсиданд ва эшон ҳар ҷавоб медоданд. Меҳрони вазир сухани эшон нигоҳ медошт ва нуқтаҳо мегуфт ва ҳилатҳо ёд мекард ва сухани Самак мегуфт ва ба қатъан он ду бародарони қассоб ҳеҷ сухан намегуфтанд, ки аҳволи Сиёҳгилу Сом маълум шавад. Сухан дароз буд, то он соат, ки рӯз шуд.

Меҳрони вазир бо ду бародарони қассоб ба боргоҳ омад ва хидмат кард ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, ба ҳеҷ гуна иқрор намеоваранд, ки мо аз ин хабар надорем.

Шоҳ бифармуд, то эшонро сиёсат кунанд. Сарҳангон бо ҳоҷиб ва шаҳнаи вилоят биёмаданд ва ресмон дар гардани он ду ҷавон карданд ва ба бозор оварданд. Сад ҳазор зану марди бозорӣ ва лашкарӣ хурӯш бароварданд ва зорӣ карданд, ки эшон ду бародари маъруф ва ҷавонмард ва сахт покиза буданд ва мардуми вилоят эшонро дӯст доштанд. Дар бозор чун эшонро меоварданд, хурӯш аз мардуми шаҳр баромад.

Аз қазо шаҳна¹ бо эшон некӯ будӣ, ки шаҳнаро хидмати бисёр кардандӣ ҳам ба киса ва ҳам ба пой ва низ ротиби матбахи шаҳна эшон додандӣ. Аз бисёрии хурӯш ва зории мардум шаҳнаро дил бар эшон бисӯхт. Пас, пеши он ду ҷавон омад ва гуфт:
— Эй озодмардон, подшоҳ сиёсат фармудааст ва медонед, ки ҳеҷ ба дасти ман нест ва кор ба ҷон расидааст ва ин кор ҷонбозист, чун ҷон барбод шавад чӣ суд дорад? Ҳеҷ беҳтар аз ин намебинам, ки ин аҳвол рост бигӯед, то чӣ гуна будааст. То пеши подшоҳ шафоат кунам. Бошад, ки шуморо растагорӣ бошад.

Эшон гуфтанд:
— Эй амир ба подшоҳ, дар ҷумлаи Мочин моро шиносанд ва ту низ моро нек донӣ, ки то будаем ба номи некӯ зиндагонӣ кардаем... Ба яздони додори кирдугор, ки мо аз ин кор огоҳӣ надорем ва агар чунон будӣ, ки донистемӣ ва нагуфтемӣ ва раҳо кардемӣ, то ҷони мо барбод шудӣ, чунон ки беҳурматӣ барбод меояд. Ҳам ғамз накардемӣ ва касеро несупурдемӣ, ки олам ҳама ному нанг аст ва ҳеҷ

¹ Шаҳна — ҳоким, сардори шаҳр, соҳиб.

пешина
аз 290
навбатӣ