Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
беҳтар аз ҷавонмарди нест, то моро ҷовидон номи ҷавонмарди будӣ.
Шаҳна чун ин сухан бишнид, ӯро хуш омад ва меҳре ва шафқате дар дили ӯ кор кард. Сарҳангон ва хизматгорони шоҳро гуфт:
— Як замон тавфиқ кунед, то ман бари Арманшоҳ равам ва бозоям. Ин бигуфт ва сад ҳазор зану мард бар вай офарин карданд ва шаҳна рӯй ба роҳ ниҳод.
Имтифоқи эзидӣ чунон афтод, ки шаҳна дар боргоҳ шуд пеши Арманшоҳ ва хизмат кард ва дуо гуфт. Пас, гуфт:
— Эй шоҳ, ин ду ҷавони қассоб сахт покизаанд ва халқи шаҳр аз баҳри эшон гирьяи зорӣ мекунанд аз баҳри ин ду ҷавони қассоб аз баҳри он, ки агар на бегуноҳ буданд, халқи шаҳрро бар эшон сӯзиш чунин набудӣ ва агар ин кор карда будандӣ, чун ба сиёсатҷой расидандӣ, иқрор овардандӣ. Мумкин бошад, ки Тармаша ин сухан аз баҳри он гуфтааст, то бар хира ҳалок шаванд ва дар мамлакати шоҳ зиён дорад. Ва чунин ду ҷавони бегуноҳ ҳалок кардан маслиҳат нест. Шоҳ донад, ки банда офияти мулки шоҳ мехоҳад, пас, дигар шоҳ донад.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, бифармой, Тармашаро ҳозир кунанд, то аз вай сухане чанд бозпурсем, бошад, ки пинҳони ин кор боздонем. Шоҳ фармуд, то Тармашаро ба боргоҳ оварданд ва пеши тахти шоҳ хизмат кард. Меҳрони вазир гуфт:
— Эй Тармаша, аҳволи ин кор пайдо намешавад. Шоҳ фармуд, то он ду ҷавони қассоби бегуноҳро сиёсат кунанд ва мо донем ва ту низ медонӣ, ки бегуноҳанд. Акнун хуни эшон дар гардан мегирӣ ва андеша бикун, ки бисёр гуноҳ дорӣ, на ҳарчанд беш кунӣ, беҳтар буд. Макун, бар худ бубаҳшой, ки туро низ ҳам нахоҳад касе. Бошад, ки ба сабаби рост гуфтан туро худои таоло аз ин ҳам халос диҳад ва ин ҳама аз баҳри он мегӯям, ки медонам, ки ту аз ин хабар надорӣ, ки ин кор Самаки айёр кардааст.
Тармаша чун ин сухан бишнид, гуфт:
— Ба яздони додори кирдугор, ки ин ду ҷавон бегуноҳанд ва аз ин кор ҳеҷ хабар надоранд.
Шоҳ чун бишнид гуфт:
— Эй фурӯмоя, на бас буд, он, ки ду паҳлавон дар банд буданд, аз даст бидодӣ ва зиндон нигоҳ надоштӣ, то марде биёмад ва зиндони мо бишкасту номӯси мо бибурд ва ба оқибат дурӯғе дар ҳаққи ду ҷавон чунин гуфтӣ, то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё