Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
бим буд, ки ман он ду ҷавони бегуноҳ ҳалок карда будам ва хуни ҳар ду дар гардани мо будӣ.
Тармаша гуфт:
— Эй шоҳ, тоқати чӯб хӯрдан надоштам, бад-ин ҳилат худро тавонистам раҳонид.
Шоҳ бифармуд, то он ду ҷавони қассобро ба боргоҳ дароварданд. Овози «Роҳат!», «Роҳат!» баромад ва мардуми шаҳр фарёди нишот ва хуррамӣ бароварданд. Шаҳна биёмад ва эшонро аз зери дор ба боргоҳи шоҳ овард. Шоҳ эшонро бинвохт ва гиромӣ кард ва хилъат дод ва гусел кард. Чун эшон аз сарои шоҳ берун омаданд, халқи шаҳр шодӣ карданд. Пас, Тармаша гуфт:
— Эй шоҳ, маълум аст, ки ин кор Самаки айёр кардааст. Даҳ маъруф дар пояндон дорам то ӯро биёбам, ки аз ин шаҳр бадар нарафта бошанд.
Шоҳ гуфт:
— Чунин кун.
Пас, Тармаша аз пеши Арманшоҳ берун омад ва сарҳангон бо вай биёмаданд. Даҳ кадхудои маъруфро пеши шоҳ бурд, то ӯро бар худ гирифтанд. Тармаша берун омад ва рӯй ба зиндон ниҳод. Чандрои сиёҳ ҳамчунон бар ҷой афтода буд. Ӯро дафн кард. Ва Тармаша дар ҳамаи зиндон бармегашт, ҳеҷ рахна ва сӯрохе намедид, то бар сари чоҳ омад. Дар он чоҳ нигоҳ кард, гуфт:
Ресмон биёваред. Тармаша дар миён баст ва дар он чоҳ фурӯ рафт. Ба буни чоҳ расид. Об дид, ки равона буд ва он роҳ дид. Бад-он об порае мерафт, то бад-он чоҳи гармова берун омад. Гуфт: «Эй дареғо, ки дар чандин гоҳ ман зиндони шоҳ дорам, ин гумон набудам ва дар дили ман наёмамад, ки аз ин чоҳ роҳе битавонам бурдан. Азим мардест ин Самак, қавӣ толее дорад, ки ин роҳ бад-ин сифат ба даст овард. Магар аз қадим дониста буд ё аз пирони ин шаҳр касе роҳ медонист ва бо ӯ гуфта буд, то ӯ ин кор кардааст. Вагарна ба як шаб чӣ гуна ба даст овард?
Аз он роҳ Тармаша ба наздики шоҳ шуд ва аҳвол бигуфт, ки роҳе чунин ёфтам. Эй шоҳ, бифармуд, то сари роҳҳо бигирад, то ман дар шаҳр талабгори эшон бошам, ки ҳанӯз дар шаҳранд. Шоҳ бифармуд, то шаҳна мардон бар сари роҳҳо фиристад ва нигоҳдорӣ мекунад ва дарвозаҳо эҳтиёт мекунад ва Тармаша дар шаҳр талаби Самак ва писарони Қонун ва Дилороми шаробдор кардан гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё