Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самак аз он ҷониб дар сарои Сурхвард пеши Сиёҳгил ва Сом ва Оташак. Ва Сурхвард берун омад ва пеши сарои подшоҳ рафт ва бозгашт ва аҳволи мард гумоштан бар са-ри роҳҳо чунон ки маълум карда буд, ҳама пеши Самак бозгуфт.
Самак гуфт:
— Эй бародар, ту биншин ва дил фориғ дор, ки агар яздон хоҳад, кори ҳама бисозам ва ҷаҳд кунам, ки имшаб Меҳрони вазири ҳаромзодаро даст баста пеши ту оварам, ки ҳамаи бадфеълӣ аз вай аст.
Сурхвард офарин кард ва ҳамгинон ба шароб хӯрдан машғул шуданд, ки ногоҳ Самакро дарди шикам гирифт. Гоҳ ӯро дарди шикам гирифтӣ, чунон ки то як ҳафта боз ҳоли худ наёмади, то ин дард сокин шудӣ. Он дард бар вай муставлӣ 1 шуд ва бияфтод ва фарьёд мекард ва андар он хок меғалтид. Самак дар хонаи Сурхвард бо дарди ши-кам афтода ва Сиёҳгилу Сом дар он ҷо, ки маълум аст.
Мо омадем ба ҳадиси Хуршедшоҳ. Чунин гӯяд муал-лифи ахбор, ки чун Қатрани паҳлавон ва Фаррухрӯз май-дондорӣ карданд ва касе музаффар нашуд, аҳд карданд, ки рӯзи дигар ба майдон бозоянд. Ва паст гаштанд ва ме-буданд, то он соат, ки шаби деранҷом ба поён расид ва лашкари шаб аз пеши рӯз мунҳазим гашт. Хисрави фалак сар аз даричаи само баровард ва дидор аз кӯҳсор бинамуд ва тирагӣ ва бухор аз рӯи олам бизудуд. Рӯи замин аз ҳа-во пайдо гашт. Оташи хуршед забона зад. Аз ҳар ду си-поҳ овози кӯси ҳарбӣ баромад. Лашкар чун дарְъии фаро-вон дар ҳаракат омаданд. Мардон дао магзи оҳан пинҳон шуданд, рӯй ба майдон ниҳоданд. Далерон оҳанги разм карданд ва баддилон роҳи гурез бар даст карданд. Наки-бон дар майдон омаданд. Саф ҳарду сипоҳ рост карданд: майманаву майсара ва қалбу ҷиноҳ пероста.
Хуршедшоҳ дар қалби лашкар истода ва Фаррухрӯз пеши вай истода, маймана 2 ба Шерӯя дод — писари Шер-афкан ва Майсара 3 ба Самури паҳлавон супурд ва ҷино-ҳи 4 лашкар ба Мармун ва соқа 5 ба Санҷари паҳлавон
1 Муставлӣ — ғолиб.
2 Маймана — тарафи дасти рост номи фавҷе, ки ба тарафи дасти рости шоҳ ё сарҳанг дар вақти ҷанг истода бошад.
3 Майсара — тарафи чап номи фавҷе, ки тарафи чап истад.
4 Ҷиноҳ — фавҷе, ки дар мобайн меистад ва ҳангоми ҷанг пешсаф аст.
5 Соқа — фавҷе, ки аз қафо ҷой мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё