Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

таслим кард. Аз он ҷониб Қизилмалик майсараи Қатурро супурд — бародари Қатрон ва Майсара ба Симрон. Ва Гилсавор, ки даъвӣ карда буд, ки ҷавоби Қатрон боздиҳад ва ӯро аз банд берун оварад, то омада буд, ранҷур афтода буд. Он рӯз дар майсара истода буд, пеши Симрон ва ҷиноҳ ба Сайлам супурд.

Пас, чун ҳар ду сипоҳ тартиб доданд, аз қалби Қизилмалик Қатрон асп дар майдон ҷаҳонид. Дар майдон наъразанон ва уштулумкунон соате ҷавлон карду тардид намуд ва новард кард. Пас, баробари қалби лашкари Хуршедшоҳ омад ва гуфт:

Эй Фаррухрӯз, чаро бозмондӣ? Ҳамнабарди ту дар майдон омад. Агар ба аҳду паймонӣ, то худро барозмой.

Фаррухрӯз чун бишнид, пиёда гашт. Зертангу забартанги асп устувор кард ва пой дар пушти асп овард ва ба майдон даромад. Наъразанон пеши Қатрон омад ва бонғи нихеб бар вай заду гуфт:

Чист ин ҳама уштулум кардан ва даъвии маҳол ва ба бозуи худ ғарқа гаштан? Пиндорӣ, ки дар мардӣ ва ҳунари майдондорӣ чизе донӣ? Биёвар, то аз мардӣ чӣ дорӣ? Ин уштулум кардан чист?

Ин бигуфтанд ва найза бар найзаи якдигар афканданд ва бисёр бо ҳам бикӯшиданд, то найзаҳо дар дасти эшон бишкаст ва бар якдигар зафар наёфтанд. Ва буни найза аз даст бияндохтанд ва даст заданду теғҳои аърой аз ҷуфт ҷудо карданд ва диряхҳо дар сар оварданд. Чунон ки оҳангарони чалд оҳан ва сандон зананд ба вақти кор кардан, эшон теғ бар сару фарқи якдигар чунон мезаданд. То он теғҳоро қабза бимонд ва аз диряхҳо... бар ҳам зафар наёфтанд.

Инони асбон бозгирифтанду соате дам заданд ва биёсуданд. Пас, дастҳо ба камонҳои оҷқабзаи тайёргӯшаи хоразмӣ бурданд ва тирҳои хаданг аз камар бикшоданд ва ба майдон омаданд. Бисёр тир ба якдигар андохтанд, то камонҳои эшон бишкасту дар ҷаъба тир намонд ва бар якдигар зафар наёфтанд, то он соат, ки офтоб дар қутби фалак рост истод. Гармо дар олам зӯр кард. Сангреза битафсид. Аз ҳар ду ҷониб нақибон биёмаданду эшон ҳар дуро аз якдигар ҷудо карданд, ки бисёр кӯшида буданд.
Дарҳол табли осоиш бизаданд ва ҳар ду сипоҳ аз якдигар

1 Тардид — ҳамла кардан.
2 Новард — набард, ҷанг.
3 Диряхҳо — сипар.

пешина
аз 290
навбатӣ