Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бозгаштанд ва рӯй ба осоиш ниҳоданд ва аз ҳар ду ҷониб сухани Қатрону Фаррухрӯз мегуфтанд, то шаб даромад Талоягон берун фиристоданд.

Худованди ҳадис ва ровии қисса ва муаллифи ахбор чунин гӯяд, ки чун Қатур ва Қатрон ва Сайлам ва Меҳрони вазир аз банд биҷастанд ва аз дараи Буғрой эшонро бибурданд, Хуршедшоҳ нома фармуд ва шоҳ Фағфур ва дар нома ёд кард, ки «Эй шоҳ, ин ҷойгоҳ ҳафл бисёр аст ва Меҳрони вазир, ки шоҳ ӯро ба мо фиристод, то моро мадад бошад, қадр кард, ки ин ҳама ошӯб аз вай афтод.
Лашкари Мочинро дар роҳе, ки меомад, хонда буд, то он мол бубаранд ва лашкар нест кунанд. Яздон моро пирӯз ва музаффар гардонид, то он роз ошкор шуд ва бо эшон даровехтем ва Қатуру Сайлам ва Меҳрони вазирро бигрифтем. Агарчи лашкаре, ки ба мо фиристода буд, қаҳр карда буданд, мо низ аз лашкари душман зиёдат аз он қаҳр кардем. Ва мол бистадем. Берун аз он, ки дар майдони масоф кушта шуданд, асири бисёр гирифтем ва сиёсат кардем. Чун навбат омад, ки Қатуру Сайлам сиёсат кунем, қадр кардани Меҳрони вазир ошкоро шуд ва хатҳову номаҳо, ки навишта буд, бинамуд. Пас, эшонро ба дараи Буғрой фиристодем. Оқибат эшонро ба тадбир бибурданд.
Тақдири Яздон чунон буд. Акнун моро мадад фиристод, ки аз Мочин эшонро ҳар рӯз мадад мерасад. Агарчи моро ҳеҷ тарс ва бим аз эшон нест, аммо дили сипоҳ тарснок аст». Ва нома бифиристод.

Чун нома ба шоҳ Фағфур расид, бархонду маъонӣ маълум кард ва кирдори Меҳрони вазир бидонист. Бо худ
гуфт, ки: «Ин дили ман гумон мебурд, ки Меҳрони вазир
сухан на бар тариқ мегуфт. Аммо бар худ пӯшида медоштаму худро аз роҳ меафкандам, то лоҷарам ин ҳама ошӯб
дар ҷаҳон — дар миёни подшоҳи Чину Мочин афканд он
ҳаромзода. Ин гумон он рӯз афтод, ки фарзанди хеш дар
майдон фиристод, дар баробари Хуршедшоҳ ва он ҳилат
сохта буд. Самаки айёр некӯ бидонист. Ва бисёр кӯшид,
ки ман Хуршедшоҳро қаҳр кунам, нек буд, ки ба гуфтаи
он нокас вайро ҳалок накардам. Агарчи ман ҷаҳд кардам,
яздон вайро нигоҳ дошт ва аз дасти мо бираҳонид. Мо
феъли хеш кор фармудем, аммо давлат ёри ӯ буд ва яздон
ӯро подшоҳӣ дод. Акнун чора бояд кардан, ки хештан бо

пешина
аз 290
навбатӣ