Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

сипоҳ биравему узрҳо бозхоҳем ва ҷавоби душман боздиҳем, ки кор аз ҳад гузашт».

Пас, дарҳол соҳибқаламро ҳозир карду аҳвол бигуфт ва бифармуд, то нома ба вилоятҳо навишт ва аз ҳар вилоят сипоҳ ба таъҷил бихонд. Чунун номаҳо равона шуд, аз шаҳри Тирвард паҳлавон Қовард бо панҷ ҳазор савори баргузида рӯй ба Чин ниҳоданд. Ва аз шаҳри Армон Озарҷӯш бо даҳ ҳазор савори баргузида ва ҳамчунин аз билоди дар Арманмон бо ҳафт ҳазор савор аз ҳар атроф рӯй ба Чин ниҳоданд.

Фағфур дари ганҷ бикшод. Сипоҳ, ки мерасид, менавохту хилъат медод ва созу силеҳи ороста медод, то чилу панҷ ҳазор ҷамъ гашт. Пас, чанд харвор хазина тартиб дод ва сесад хирвор фаррошхонаву зарродхона ва матбаҳу хиргоҳ ва боргоҳе аз баҳри Хуршедшоҳ бифармуд аз атласи сурх ба таноби абрешим ва бисту чаҳор сутун аз ҳар гӯшае тартиб карда. Ва рӯзе ихтиёр карданд, ки аз шаҳр берун раванд, ногоҳ аз беруни шаҳр овози дуҳулу буқ ва кӯс баромад, чунон ки Фағфуршоҳ бар тахт биларзид. Аз ҳайбати он ранг аз рухсораш бирафт. Шаҳри Чин дар ларза афтод.

Умарои давлат хосу ом нишастаю истода аз ҷой баромаданду гуфтанд, ин ҳама ошӯб чист? Фағфуршоҳро хидматгоре буд, номи ӯ Нусур. Хост, ки берун раваду бингарад, то ин ошӯб чист ва ин аҳвол боздонад. Нусур хост, ки берун равад, яке дар пеши тахти Фағфур омаду гуфт:

— Эй шоҳ, мардуми хосу ом бар дару бом афтодаанд ва мегӯянд, ки лашкаре бисёр дар перомуни шаҳр фуруд меоянд.

Шоҳ Фағфур гуфт:

— Эй Нусур, бингар, то кист? Лашкари бегонаанд ё ошно? Ба чӣ кор омадаанд ва аз куҷо меоянду куҷо мераванд?

Нусур пой ба асп даровард, бо панҷоҳ савор рӯй ба роҳ ниҳод ва аз шаҳр берун омад. Миқдори як фарсанг бирафтанд. Болое буд, бар он боло рафтанд. Аз он ҷониб нигоҳ карданд, то кӯҳи лашкар диданд ва фуруд меомаданду бонги дуҳулу дамома дар ҷаҳон афтода, зилзила дар олам афканда.

1 Дамома — нақора.

пешина
аз 290
навбатӣ