Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нусур нигоҳ кард, пешрави сипоҳ марде дид пири нуронӣ, рише сафед то ба ноф кашида ва бар астаре бардай нишаста ва дарқе мисрӣ пӯшида ва дасторе қасаб дар сар баста, пой дар рикоби заррин ниҳода ва чатре гавҳарнигор бо сози тамом ороста ва яке ӯро аламе бар болои сар бардошта бар ин гуна равона. Нусур бар гӯшае истода, то сипоҳ фуруд меомаданд ва боргоҳу хаймаву хиргоҳ ва навбатию 2 ва қалъаи равон ва сароҷаву саропардаву матбах мезаданд. Шомгоҳ расида буд. Ҳанӯз лашкар фуруд меомаданд ва рахту банд мениҳоданд ва хайма мезаданд. Чун малах бармеомаданд ва охири эшон падид набуд. Нусур дар эшон нигоҳ кард, ки зи нати эшон на аз Чину на аз Мочин ва на аз навоҳиҳои наздик буд. Аҷаб монда буд.
То шаб даромад, лашкар ҳанӯз фуруд меомаданд.

Нусур бозгашт ва пеши Фағфур омад ва хидмат карду аҳволи лашкар бигуфт, ки чандон лашкаранд, ки андоза нест ва созу зи нати эшон бар дигар гуна аст. Чунон ки дида буд, шарҳ дод. Фағфур дар андеша фурӯ рафт. Бо хештан гуфт: «Лашкар» кистанд ва кадом шоҳ аст? Магар азони подшоҳзодагонанд, ки доя эшонро дар банд карда буд ба вилояти хеш бозрафтанду лашкар оварданд. Надонам, ки аз кадом вилоятанд ва моро аз эшон чӣ пеш хоҳад омадан?

Ҳама шаб дар андеша фурӯ рафта буд, то рояти шаб нагунсор шуду алами рӯз барафроштанд. Фағфуршоҳ ба тахт баромад. Умарои давлат ҳозир омаданд ва аз атроф ҳар кас, ки ба хидмат омада буданд, ҳозир гаштанд. Шоҳ Фағфур дилтанг шуд. Нусурро гуфт:

— Бархез, ба лашкаргоҳ раву бингар, то он лашкар кистанду подшоҳи онҳо кист ва ба чӣ кор омаданд, то донам, ки моро чӣ мебояд кардан?

Нусур дарҳол бархост ва савор гашт. Бо дувист савори ороста рӯй ба роҳ ниҳод, то ба канори лашкаргоҳ омад.

Ва ровии қисса ривоят кунад, ки ҳанӯз лашкар мерасиданд. Нусур нигоҳ кард, лашкаргоҳи эшонро канор набуд ва зиёдат аз даҳ фарсанг буд, ки менамуд, ки лашкаргоҳи эшон буд. Боргоҳе аз атласи сурх зада ва камаре гавҳарнигор гирди он бароварда, ба чиҳил сутун барпой ва бар чаҳорсад таноб абрешим мехҳои заррину симин ба замин фурӯ бурда.

1 Бардаъ — номи мулкест дар мулки Озарбойҷон.
2 Навбатӣ — нақорачӣ ва посбон.

пешина
аз 290
навбатӣ