Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нусур дар он аҷаб монда буд, ки рӯй ба боргоҳ ниҳод. Ҳанӯз миқдори як тирвор монда буд, ки човушону сарҳангон даромаданду бонг бар эшон заданд ва пиёда карданд, ки чунин густох меоед? Пиндоред, ки ба сарои хештан ё ба корвонсарое меоед? Ҳамаро пиёда карданд ва бар ҷой бидоштанд. Ҳоҷибон даромаданд, ки шумо кистед ва аз куҷо меоед?

Нусур гуфт:
— Аз пеши Фағфуршоҳ омадем, то аҳволи шумо маълум кунем.

Ҳоҷибон эшонро бар ҷой бидоштанд ва пеши он пир рафтанду гуфтанд:
— Эй бузургвор, қавме аз шаҳр омадаанд ва мегӯянд, ки Фағфур моро фиристодааст, то аҳволи ин лашкар бидонем.

Пир гуфт:
— Бираведу эшонро дароваред.

Ҳоҷибони далери кордон бо сиёсат омаданд ва дасти Нусурро гирифтанду ба боргоҳ оварданд. Ҳанӯз дар домани боргоҳ буд, ки хизмат кард. То пеши тахт расид, чанд ҷои дигар хизмат карда буд. Чун нигоҳ кард, он пешрави сипоҳро дид, ки бар тахти заррин нишаста буд. Ҳафт ҷавони моҳрӯй дар пеши тахт истода буданд ва ғуломони моҳрӯю човушон ва миқрадорону сарҳангон ҳар яке ба ҷои худ.

Нусур аз ҳама даргузашт. Пеши тахти пир хизмат кард ва заминро бӯса доду сар баровард. Забон баркушоду офарин кард. Он пир бифармуд, то ӯро бар ҷойгоҳ бинишонанд. Нусур хизмат карду гуфт:
— Эй бузургвор, биншастан наёмадаам. Пайгоме дорам, ба забон бозгӯям ва бозгардам. Пас, гуфт: — Подшоҳи Чин, шоҳ Фағфур мегӯяд, ки шумо ба саодат аз куҷо меоед ва ба куҷо меравед? Ва чӣ кор доред ва шуморо ном чист? Ва насаб аз кӣ доред? Ва омадани шумо бар ин вилоят чарост? Аз гузариён ё аз муқимон? Дӯстед ё душман? То мо донем, ки пойгоҳ бар чӣ қадар бояд ниҳодан.

Нусур марде сухандон буд, забоновару хушсухан буд. Он пирро сухани ӯ хуш омад, ки сахт ба ақл сухан мегуфт. Ишорат кард, то Нусурро бар курсии заррин биншонданд. Пас, он пир забон баркушоду гуфт:

1 Човушон — даҳбошиҳо.
2 Миқраа — тозиёна.

пешина
аз 290
навбатӣ