Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй озодмард, ин подшоҳи шумо ҳеҷ ақл надорад ва дар подшоҳӣ рою тадбир надорад ва аз подшоҳӣ ҷуз ном надорад. Инчунин подшоҳе набошад. Чаро кори подшоҳӣ рост надоштааст? Боистӣ ки мӯътамадон бар сари роҳҳо бишондӣ ва дар вилояти дӯсту душман мӯътамаде аз ӯ будӣ, то аз неку бад ӯро хабар кардандӣ. Ҳар он подшоҳе, ки ӯро аз суду зиёни душману дӯст огоҳӣ набошад. ӯро подшоҳӣ мусаллам нест. Дар подшоҳӣ чунин ғофил будан нашояд, ки лашкаре чунин фаровон бар дари шаҳр омаданду хабаре аз он надорад, ки агар дар сарои ӯ шудандӣ, ҳам хабараш набудӣ. Чун лашкар бар дари сарой расиданд, кас мефиристад, ки шумо аз куҷо оед ва ба куҷо меравед? Дӯстед ё душман? Ин чӣ подшоҳӣ аст?
Нусур хидмат карду гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, чунин аст, ки ту мефармой. Аммо сабаб он аст, ки шоҳ Фағфур ба ҳеҷ гуна бо ҳеҷ кас кина дар дил надорад ва ҷумлаи вилоят ӯрост. Ба доду адл ободон медорад ва ҳаргиз қасди вилояти касе накунад, ки касе низ қасди вилояти ӯ накунанд ва дар подшоҳӣ эмин аст. Агарчи нек нест, аммо чунин баромадааст. Лоҷарам чунин сипоҳе ба дари шаҳр расиданду ӯро огоҳӣ нест. Чун овози кӯси ҳарбӣ баромад, дар шаҳр зилзила афтод ва мо донистем, ки лашкаре расидааст.
Он пир гуфт:
— Мо паёме овардаем. Бидон ва огоҳ бош, ки мо ҷумла бандагон ва хидматгорони Хуршедшоҳем — фарзанди Марзбоншоҳ, подшоҳи ҷумлаи вилояти Ҳалаб ва ҷумлаи вилояти Туркистон ва Ироқу Ирокайн ва Шому Шимост. Ва шоҳ Марзбоншоҳ моро бар ин вилоят фиристод ба хидмати фарзанди хеш Хуршедшоҳ, ки бар ин вилоят омада, ба хостгории духтари шоҳ Фағфур. Акнун муддатест, ки ҳеҷ ному нишони ӯ пайдо нест ва шоҳ моро фиристод, ки фарзанд ба вай бозрасонем ва агар чунон ки ранҷе ба вай расида бошад, дар шаҳри Чин як тан зинда намонем ва хоки шаҳр ба тӯбраи асбон ба шаҳри Ҳалаб барем. Мо бар ин кор омадаем. Бозгарду шоҳро бигӯй.
Нусур чун бишнид, хуррам шуд ва бихандиду гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, Хуршедшоҳ тандуруст ва саломат аст ва подшоҳи Чин асту домоди шоҳ аст. Мо ҳама ба якборагӣ бандагони ваем.
Он пир чун бишнид, ки Хуршедшоҳ зинда аст ва ба саломат аст, хуррам шуд ва шодӣ карданду паҳлавонон дар нишот омаданд. Пас, он пир рӯй ба Нусур карду гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё