Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Бозгарду саломи мо, бандагон, ба Фағфуршоҳ бирасон ва бигӯй, ки мо бандагони Хуршедшоҳем ва хидматгорони шоҳ Фағфур. Аз Ҳалаб омадаем бо фармони Марзбоншоҳ бо саду сӣ ҳазор савор.
Нусур чун бишнид, хидмат кард ва бозгашту рӯй ба шаҳр ниҳод. Чун рӯй ба дарвоза ниҳод, дарвозаҳо дил баста ва мардумон бар ҳисор истода ва манҷаниқ 1 ва арродаву арӯсак 2 тартиб мекарданд. Ва бифармуд, то дарвозаҳо бикшоданд. Ва ба шахс омаданд ва кӯчаҳо дид, ки бармеоварданд ва чӯбҳо бар сари роҳ меафканданд ва шаҳр дар ошӯбу ғалаба афтода.
Нусур бонг бар эшон зад, ки ҳама биканед ва чӯбҳо бардоред ва сари кӯчаҳо боз кунеду дарвозаҳо боз кунед ва оин бандед ва хуррамию нишот кунед, ки ин ҳама лашкар, ки омаданд, азони моанд. Ин мегуфту мерафт, то ба боргоҳ расид. Шоҳ Фағфурро дид, ки аз тахт ба зер омада буд ва дар хок нишаста ва умарои давлат барпой истода дилтанг аз баҳри он, ки пиндоштанд, ки лашкари бегона асту масоф мебояд кардан. Ва лашкари Арманшоҳ низ дар масоф аст, чӣ гуна бо эшон бароем.
Чун Нусур дид, ки шоҳ Фағфур андӯҳнок аст, гуфт:
— Эй шоҳ, нагӯям, то хилъат наситонам. Дил фориг дор, ки ҳама хайру хуррамӣ аст.
Шоҳ Фағфур ёрае 3 дар даст дошт, ба вай дод. Қимати он ҳазор динор зиёдат буд. Пас, гуфт:
— Эй Нусур, бигӯй, ки дили ман хун гашт ва ман худ туро ҳаргиз ба ҷое нафиристодам, ки на ба муроди ман омадӣ. Ҳама кори ман чун номи ту бод.
Нусур гуфт:
— Эй шоҳ, бар тахт нишину хуррамӣ кун, ки ин лашкар азони подшоҳи Ҳалаб аст — Марзбоншоҳ. Бандаву бандазодагону хидматгорони Хуршедшоҳанд ва ба хидмати подшоҳи худ омадаанд. Эй шоҳ, пешрави эшон марде пир аст бошукӯҳ ва нуронӣ. Аввал ба сиёсате ва ҳайбате сухан гуфт, ки шарҳ натавон дод.
Пас, он чӣ гуфта буд, бозгуфт.
Шоҳ Фағфур хуррам шуда ба тахт баромад ва бифармуд, то мунодӣ карданд, ки эмин бошед, ки лашкари моанд ва бандаву хидматгорони домоду фарзанди ман Хуршед-
1 М а н ҷ а н и к — асбоби сангандозӣ.
2 А р р о д а в у а р ӯ с а к — асбобест, аз манҷаниқ хурдтар, ки бо он сангу оташ ба душман андозанд.
3 Ё р а — асбоби зебу зинат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё