Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
шоҳ. Пас, бояд, ки шаҳр оин бандед. Пас, ба умарои давлат гуфт, ки нек буд, ки ба гуфти он ҳаромзодаи Меҳрони вазир Хуршедшоҳро ҳалок накардам, вагарна ин сипоҳ димор аз мо баровардандӣ. Акнун моро бибояд рафтану он сипоҳро дидан ва бингарем, то пешрави эшон кист.
Пас, бифармуд, то дари ганҷ боз карданду зари фаровон биёварданд ва таббохси шаҳрро ҳозир гардониду тартиби меҳмонӣ фармуд ва ҳамчунон мунодӣ дар шаҳр мекарданд, ки шаҳр биёроед, ки рӯзи пайкор нест. Ҳар ки кор кунад, музд биситонад ва ҳар ки чизе дорад, бифурӯшаду баҳри он баргирад. Касро бо коре нест. Ҳамчунон мунодӣ мекарданд ва мардум дар корҳо машғул шуданд. Ва Фағфуршоҳ дарҳол бархост ва ду ҳазор хосагиёну паҳлавонон лашкар ҳама ороста аз шаҳр берун омаданд ва Нусур пешрави эшон, то ба наздики лашкаргоҳ расиданд.
Соҳибхабар пеши он пир омад, ки шоҳ Фағфур хоҳад расидан. Он пир Ҳомони вазир буду бо он ҳафт паҳлавон, ки бо вай буданд ва ҳар яке номи эшон гуфта шавад: яке Хурдасби Шайду ва яке Ҳурмузи Кил ва яке Шервони Ҳалабӣ ва яке Ғуроби Арабӣ ва яке Сурхи Маргазӣ ва яке Шоҳаки Розӣ ва яке Абри Сиёҳ. Ва ин ҳафт паҳлавон бо вай ҳамроҳ ва хосагиёни дигар пазирои шоҳ Фағфур шуданд ва чун чашми Ҳомони вазир бар Фағфур афтод, пиёда гашт ва ҷумла паҳлавонон пиёда гаштанду пеши шоҳ Фағфур бозомаданд ва хизмат карданд.
Фағфур хост, ки пиёда гардад. Ҳомони вазир раҳо накард ва рикоби ӯ бӯса дод. Ҳамаи сипоҳ пиёдаву Фағфур савор, асп меронд.
Гуфт:
— Эй пир, барнишин, ки раво набошад, ки ту пиёда равию ман савор.
Ҳомони вазир хизмат гуфт:
— Мо бандагонем ва боргоҳ наздик аст. Дар хизмати шоҳ пиёда ба боргоҳ оем.
Пас, Ҳомони вазир бо ҷумлаи сипоҳ пиёда дар рикоби Фағфур биёмаданд. Шоҳ Фағфур ҳамчунон савор, инони асб дар дасти Ҳомони вазир, то бар канори тахт овард. Пой аз асп бигардониду бар сари тахт ниҳод.
Пас, Ҳомони вазир ба хизмат биистод. Фағфуршоҳ гуфт:
— Эй пири муборак, биншин, ки моро хизмат намебояд, ки ҳар ду ҷониб яке аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё