Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳомони вазир бинишаст. Фағфур аз вай пурсид, ки аз Марзбоншоҳ ту кистӣ ва омадани шумо бар ин вилоят аз барои чист?

Ҳомони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, номи ман Ҳомони вазир аст. Банда ва хизматгори Марзбоншоҳам. Ӯ маро ба бузургвории хеш ҳурмат ниҳоду дастури мамолики хеш кард ва ин ҳафт паҳлавон, ки дар хизмат истодаанд — яке Хурдасби Шайду ва яке Ҳурмузи Кил ва Шервони Ҳалабӣ ва Ғуроби Арабӣ ва Сурхи Марғазӣ ва Шоҳаки Розӣ ва Абри Сиёҳ. Ин ҳафт паҳлавони шоҳанду ин лашкар ҷумла хизматгорони ин паҳлавононанд. Ва дигар номае дорам аз шоҳ Марзбоншоҳ ба ту, ки шоҳ Фағфӯрӣ — подшоҳи Чин.

Ин бигуфту нома берун овард ва бӯса доду пеши шоҳ Фағфӯр бинҳод. Шоҳ он нома баргирифту бӯса доду ва мӯҳр баргирифту гуфт:
— Эй бузургвор вазир, донам, ки ин нома ту навиштӣ ва моро касе нест. Бояд, ки ин нома ту бихонӣ, беҳтар бошад.

Ҳомони вазир номаро боз карду хондан гирифт. Ҳамаи умарои давлат нишаста буданд ва истода. Пас, нома хондан гирифт. Аввал навишта буд, ки: «Бисмиллоҳ-ил-мулк-ал аъзам. Ин нома аз ман, ки Марзбоншоҳам — подшоҳи Ҳалаб, дардманду ғамнок ва дилсӯхтаю фироқчашида, ба ҷон ранҷур, аз коми дил дур ва аз дидори фарзанд маҳҷур, ба ту, ки шоҳ Фағфӯрӣ — подшоҳи Чину комрони замин, номовар додгустар, худованди сад алф 1 лашкар, оламорой ба дод ва инсофро бунёд. Ва чун номаи ман ба ту расаду маонии нома маълум гардад, бидонӣ, ки моро фарзандест, на фарзанде, балки дилбандест, ҷаҳонорою комрон ва бо ақлу фазл ва ҳунарписанда ва дар мардӣ беназиру номгустари олам ва номдоре аз банӣ одам, номи ӯ Хуршедшоҳ. Магар аз тақдири эзидӣ ӯро ҳавасе афтод аз тақдири яздон бад-он вилоят афтод ба хостгории духтари ту Маҳпарӣ. Ва ман ба ҳочат аз яздон ӯро хостаам. Акнун муддати се сол аст, то аз ман дурӣ ҷустааст аз баҳри муроди дил ва ман аз фироқи ӯ нек ранҷурдилам ва дар ғами ӯ ҷаҳони равшан бар дили ман торик шуда ва сабру ором аз ман рамида шудаст. Онак менамояд ва моро чунин маълум карданд, ки ранҷҳои бисёр ба фарзанди ман расидааст. Чунон ки ӯро бими ҷон буд ва боз намудани он

1 А л ф — ҳазор.

пешина
аз 290
навбатӣ