Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
маслиҳат нест, ки чӣ гуна аст ва гуноҳ бар он боргоҳи олӣ ниҳодан тарки адаб аст, ки ҳама аз тақдири яздон будааст ва ҳам яздон ӯро нигоҳ дошт ва аз куштану аз банду зиндон раҳонид. Ва расониданд, ки саргардон асту чун маҷҳулон гирди ҷаҳон давон аст. Бояд, ки чун ин лашкар бирасанд ва мӯътамади баргузидаи ман Ҳомони вазир, дарҳолу соат нахоҳам, ки ба ҳеҷ кор машғул бошӣ, то фарзанди ман Хуршедшоҳ нури дидагон ороми ҷон ва қуввати равонии ман, ӯро бо духтари худ бифиристӣ, ки беш аз ин бори фироқ наметавонам чашидан. Агарчӣ сад ҳазор динор фиристодам, то ба харҷ кунаду ва барбод диҳад ва боз гардаду пеши ман ояд ва ҳарчанд зудтар хоҳам, ки Хуршедшоҳ бо Маҳпарӣ пеши ман фиристад. Ва агар, алъаёзу биллоҳ, оҳ як тора мӯӣ аз сари фарзанди ман кам шуда бошад, сипоҳро фармудаам ва дастурӣ додам, то оташ дар шаҳри Чин зананду нагузоранд, ки як тан зинда монад ва хоки шаҳри Чин ба тӯбраи асбон ба шаҳри Ҳалаб оваранд ва ин саду сӣ ҳазор савор, ки фиристодаам, агар басанда набошад, сесад ҳазор савори дигари ҷангӣ тартиб кунам ва бифиристам бар асари эшон ва ҷумлаи вилояти Чин хароб кунанд чунон ки ҳаргиз касе нагӯяд, ки он ҷо вилояте будааст. Ва рӯз ба рӯз интизор мекун, то расидани мо бошад».
Чунон шоҳ Фағфур он нома бархонду маонии нома маълум кард, дар дил бо яздон шукр кард, ки хатое аз дасти вай нарафта буд. Рӯй сӯи Ҳомони вазир карду гуфт:
— Ё мӯътамад ва баргузидаи бародари азизи ман Марзбоншоҳ, чаро бояд ӯро ин ҳама гила кардану ташнеъ задан дар ҳаққи фарзанд Хуршедшоҳ? Маъозаллоҳ, ки гард бод бар домани вай афшонад! Хуршедшоҳ фарзанд ва азизу дилбанд ва дилнавозу рӯшноии чашми ман аст, валекин моро лашкаре расидааст, аз Мочин. Пешрави сипоҳ фарзанди Арманшоҳ Қизилмалик ва аз баҳри Маҳпарӣ омадааст, то ба вай диҳем. Ва Маҳпариро ба қалъаи Шоҳак фиристодаам. Ва Хуршедшоҳ пеши лашкари Мочин рафтааст ва бо эшон ба масоҳат машғул аст.
Ҳомони вазир бифармуд, то боргоҳ баркананд.
Фағфур гуфт:
— Эй вазири бузургвор, таваққуф кун, то аз ранҷи роҳ осоиш ёбӣ ва нон дар намаки мо занӣ ва шаҳр биёрой ва шаҳри моро бибинӣ, ки ман низ тартиби лашкар додам ва чиҳилу панҷ ҳазор савор, ки ба мадади Хуршедшоҳ мераванд.
Ҳомони вазир гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё