Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй шоҳ, моро Марзбоншоҳ нафармудааст, ки ба ҳеҷ кор машғул бошем ва мо дар ин ҷо ба осоиш наёмадаем. Фармудааст, ки дар ҳар мақом, ки ӯ бошад, пеши фарзанд — Хуршедшоҳ бошӣ. Акнун ӯ ба ҷанг машғулу мо дар ин ҷо ба осоиш. Раво набусад дар фармон таъхир кардан. Агар нофармонӣ кунем, осӣ бошем. Аз ин мақом то пеши Хуршедшоҳ чӣ роҳ бошад?

Фарфур гуфт:

— Магар бист фарсанг замин бошад. Ба ду рӯз натавон рафтан.

Ҳомони вазир бар ҷой қарор нагирифт. Бархосту гуфт:

— Боргоҳ бияфканед.

Ҳанӯз нагуфта буд, ки боргоҳ бияфканданд ва лашкар равона шуданд.

Муаллифи ахбору ровии қисса чунин нақл мекунад, ки сабаби омадани Ҳомони вазир он буд, ки чун Хуршедшоҳ ва Самаку Шағол ва Фаррухрӯз берун омаданд аз кӯчаи Сангин ва Самак Шерафканро бикушту ӯро бигирифтанд, Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯр ба сарои Зайди айёр рафтанд. Хуршедшоҳ аз дарича Ҷумҳури ҳамзодаи хешро ба наздики хеш хонду ҳол бо вай бигуфт ва нома навишту он чӣ бар сари вай гузашта буд, шарҳ дод ва дар нома ёд карда буд, ки ганҷе фаровон бо лашкар бифирист ва аҳвол намуда буд ва ба Ҷумҳур дода буд ва фиристода.

Пас, Ҷумҳур ба вилоят расид ва аҳвол бознамуд ва он нома ба Марзбоншоҳ дод. Марзбоншоҳ бархонд ва дар нома ҳамаи аҳвол маълум кард ва аз баҳри дили фарзанд ғамнок шуд ва гирьяи зорӣ мекард. Пас, аз ҳамаи атроф лашкар бихонд, бинвохт ва Ҳомони вазир бифиристод ва низ нома ба ҳар вилояти дигар фиристода буд ва лашкар мехонд, ки тартиб созад ва худ дунболи Ҳомони вазир биравад, ки Ҳомони вазир бо сипоҳ омада буданд.

Пас, чун Ҳомони вазир бо лашкар рӯй ба шаҳр ниҳоданд ва ба сарой бозомаданд, Ҳомони вазир рӯй ба роҳ ниҳод, то ба хидмати Хуршедшоҳ равад.

Муаллифи ахбор ва ровии қисса чунин гӯяд, ки чун Қатрон бо Фаррухрӯз он рӯз масоф карданд ва касе музаффар нашуд, бозгаштанд ва рӯй ба осоиш ниҳоданд. Конун дар хидмати Қизилмалик нишаста буд ва гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ