Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй бузургвор шоҳ, банда бар он омада буд, ки ба қалъаи Шоҳак равад ва Маҳпариро биёварад. Акнун дар кори Қатрони паҳлавон ва дигарон берун овардан рӯзгор бирафт. Банда ба иқболи шоҳзода меравад, ки Маҳпариро аз қалъаи Шоҳак биёварад ва таслими шоҳзода кунад ва ҷавоби кори Самак боздиҳад.

Эшон дар гуфтор, ки марде аз боргоҳ даромад ва хидмат кард ва гуфт:

— Аз Мочин меоям ва номае дорам аз шоҳ.

Ва берун карду пеши Қизилмалик ниҳод. Шоҳзода нома баргирифту ба дасти Шокири дабир дод ва гуфт:

— Бархон.

Шокир нома боз кард хондан гирифт. Навишта буд ки: «Эй фарзанди ман, бидон ва огоҳ бош, ки чун ту бо саодат бирафтӣ ва баъд аз он нома фиристодӣ, ки Маҳпариро ба қалъаи Шоҳак бурданд ва Қатронро асир карданду моро мадад фирист, фиристодам ва дар миёни лашкар исфаҳсолор Конун бар худ гирифта буд, ки биёяд ва сари Самак бо сари Шағоли Пилзӯр биёварад. Хуршедшоҳро зинда асир кунад ва Маҳпариро аз қалъаи Шоҳак биёварад. То Конун он кор кард, ки паҳлавононро аз банд берун овард, ин ҷойгоҳ Самак омаду Дилороми шаробдорро бо фаровон олоти шаробхона бурд ва ду фарзанди Конун пайдо нестанд ва чун Сиёҳгил ва Сомро асир биёвардед, Меҳрони вазир гуфт, эшонро сиёсат фармой. Накардаму эшонро ба зиндони Тармаша фиристодам. Ҳам дар шаб эшонро бибурданд. Мардӣ чунин бояд кардан. Номуси зиндон бибурд. Ва агарчи ошкоро нест, ки ин кор кӣ кардааст, аммо Меҳрони вазир мегӯяд, ки ин кор Самак тавонад кардан. То шумо коре кардед, ки ҳанӯз тамоми нест, ин ҷойгоҳ бисёр корҳо кардаанд. Хостам, ки он фарзандро маълум бошад. Вассалом».

Чун Шокир нома бархонд, Конун аҳволи фарзандон бишнид, бигиристу гуфт:

— Эй дареғо ду паҳлавони ман! То ҳоли эшон ба чӣ расид ва бо эшон чӣ карданд? Зиндаанд ё мурда? Эшонро бикуштанд ё не?

Зорӣ мекард, то Қизилмалик гуфт:

— Эй паҳлавон, дил фориғ дор, ки ҳеҷ касро дил надиҳад, ки он чунон ду ҷавонро ҳалок кунад.

Конун дилтанг буд. Гуфт:

— Эй Кофур, бархез, то биравем, Маҳпариро аз

пешина
аз 290
навбатӣ