Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

қалъаи Шоҳак биёварем ва бозгардем ва талаби кори фарзандон бошем.

Ин сухан мегуфтанд, ки ҷосусе даромад ва пеши Қизилмалик кулоҳ бар замин заду фарзёд баровард ва гуфт:

— Эй шоҳзода, зинҳор ки аз Чин меоем ва Фағфуршоҳ талаби лашкар мекард, ки ба ёрии Хуршедшоҳ фиристад, ки аз ҷониби Ҳалаб саду си ҳазор савор расиданд аз пеши Марзбоншоҳи падари Хуршедшоҳ, рӯй бар ин ҷониб доранд. Агар ҷумла биёянд, сипоҳи моро дар пои сутурон бибаранд.

Шоҳзода чун ин бишнид, гуфт:

— Ҳеҷ донӣ, ки бад-ин ҷониб расиданд?

Гуфт:

— Надонам. Аммо зуд бирасанд.

Қизилмалик дилтанг шуд ва бо Қатрони паҳлавон гуфт:

— То эшон биёянд, бингарем. Агар тоқати эшон дорем, худ нек, вагарна, рӯй ба Мочин ниҳем. Чандон пой дорем, ки Конун биравад ва Маҳпариро биёварад.

Конун чун бишнид, гуфт:

— Кор ба коми мо хоҳад буд.

Конун дабирӣ нек донистӣ. Дарҳол давоту қалам пеш овард ва нома навишт аз забони Фағфур ба духтари вай Маҳпарӣ ба хате хуб ва иборате писандида.

Аввал номи яздон ёд кард. «Аз ман, ки Фағфурам, ба духтари ман Маҳпарӣ, ту, ки духтари манӣ — маликаи ҷаҳон, номаи ман ба ту расад, бидон ва огоҳ бош, ки аз вилояти Ҳалаб саду си ҳазор савор омадаанд аз пеши Марзбоншоҳ, ки ба хидмати фарзанди хеш фиристодааст. Ва чунин шуниданд, ки Хуршедшоҳ ба масофи душман рафтааст. Ба ёрии ӯ рафтанд. Донем, ки як ҳафта барнаёяд, ки то музаффар бозгарданд. Бояд, ки чун бар ин навишта, воқиф шавӣ, дарҳолу соат бархезӣ ва биёӣ ва ҳафтае ин ҷойгоҳ ба темори хеш машғул бошӣ, то чун Хуршедшоҳ ба саломат бозгардад, шуморо ақд бандем ва арӯсӣ биёрем, ки ночор туро бо Хуршедшоҳ ба вилояти Ҳалаб бояд рафт. Набояд ки таъхир кунӣ, ки нома ба хати Шаҳдор аст, мӯътамаде азони Марзбоншоҳ ва менамояд, ки бо Хуршедшоҳ хешӣ дорад, то аз ин ҳама ӯро фиристодаанд. То дар омадан таъҷил намояд. Вассалом».

Чун нома бар ин гуна навишта шуд, мӯҳри он нома барниҳоду гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ