Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй шоҳзода, меравам ба иқболи ту, ки Маҳпариро аз қалъаи Шоҳак биёварам.
Пас, дархост кард, то панҷ ходим ба вай доданд. Бо Кофур тартиби роҳ кард ва он чӣ ба кор боист, баргириф-ту бирафт.
Чун ба зери қалъаи Шоҳак расид, нигоҳ кард. Кӯҳе дид аз ҷумлаи кӯҳҳои олам ҷудо, яздон ба қудрат офарида, са-ри он кӯҳ ба фалак пайваста ва бунёди он бар пушти го-ву моҳӣ ниҳода ва як роҳи тангу торик бар он қалъа беш не.
Конун гуфт:
— Агар ин қалъа ба масоф бояд гирифт, лашкари рӯи замин бо ин қалъа ҳеҷ ба даст надоранд.
Ин бигуфтанду рӯй ба қалъа ниҳоданд ва роҳ бигардо-нида буданд, чунон ки аз роҳи Чин меоянд. Лоло Солеҳ ва Рӯҳафзо бар панҷара нишаста буданд ва нигоҳ мекарданд, ки ҳашт саворро диданд, ки аз роҳи Чин меомаданд, рӯй ба болои қалъа ниҳода. То ба даргоҳ расиданд, овоз до-данд, ки номаи шоҳ Фағфур дорем ба духтари вай Маҳ-парӣ.
Лоло Солеҳ, то Самак қалъа бистада буд ва ба вай су-пурда, доим бар сари дарвоза будӣ ва Маҳпарӣ бо Рӯҳаф-зо ва дигарон дар пеши вай мебуданд.
Лоло Солеҳ гуфт:
— Нома биёваред, то бингарем.
Конун нома аз шифои дар бо лоло Солеҳ дод. Лоло Солеҳ нома пеши Маҳпарӣ бурд ва аҳвол бигуфт. Маҳпарӣ нома бозкарду бархонд ва он лутфҳо бидонист. Маҳпарӣ гуфт:
— Самак гуфтааст, то дидори ман набинӣ ё дидори Хуршедшоҳ, дари қалъа макшой ва ҳеҷ кас дар қалъа раҳо макун. Набояд, ки талбисе бошад.
Рӯҳафзо гуфт:
— Ба дарвоза бояд рафтан ва сухани эшон шунидан, ки номаи падари ту аст ва нишон рост аст.
Пас, духтар бо дигарон дар паси дарвоза омаданд. Ло-ло Солеҳ гуфт:
— Эй озодмард, туро чӣ хонанд, ки ман ҳаргиз туро надидаам.
Гуфт:
— Эй лоло, шоҳи бузургвор дар нома гуфтааст, ки ма-ро ном Шаҳдор аст ва ба Хуршедшоҳ хешам ва бо лашкар ба хидмати Хуршедшоҳ омадаам. Маҳпариро бигӯй, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ