Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

лашкар аз он ҷониб ба ёрии Хуршедшоҳ рафтанд ва маро аз ин ҷониб ба хизмати ту фиристоданд, то туро пеши па-дар барам. То чун Хуршедшоҳ бирасад, ақд созем. Надо-нам ки Хуршедшоҳ пеш аз мо ба хизмати шоҳ Фағфур ра-сад на.

Маҳпарӣ чун ин сухан бишнид, ӯро дил ва забон нарм шуд, хосса, ки ӯро умед бар он кор буд. Маҳпарӣ дар иш-қи Хуршедшоҳ бедил буд. Чун овози вуслат шунид, ӯро шодӣ бархост ва ба гуфти Конун фирефта шуд. Гуфт:
— Эй лоло, дар ин чӣ маслиҳат мебинӣ?

Лоло Солеҳ гуфт:
— Эй малика, мӯътамади Хуршедшоҳ аст ва падарат фиристодааст. Дигар ту бидонӣ.

Маҳпарӣ гуфт:
— Ман надонам, ки чӣ мебояд кардан. Шумо беҳтар донед.

Лоло Солеҳ ба Рӯҳафзо гуфт:
— Моро бибояд рафтан, то кай дар ин қалъа бибояд будан?

Рӯҳафзо гуфт:
— Дар ин кор ман ҳеҷ надонам.

Ҳар яке сухане мегуфтанд, то тақдири ронда чира омад. Дар бикушоданд. Конун дар қалъа шуд. Ӯро дид нишаста ва Рӯҳафзо ба хизмат истода. Конун дар қадду боло ва ҷа-молу хубии Маҳпарӣ нигоҳ кард. Аҷаб дошт. Бо худ гуфт, бар ин хубӣ ҳаргиз духтаре набошад. Турфа нест, ки аз баҳри висоли ин духтар халқе дар пайқоранд. Пеши духтар хизмат кард ва гуфт:
— Эй духтар, рӯзгор мабар, ки моро ҳамебояд раф-тан. Маҳпарӣ гуфт:
— Моро ҳавдаҷ 1 боистӣ.

Конун гуфт:
— Эй малика, аз шоҳ хостам. Гуфт, роҳ наздик аст. Чун ба наздик омада бошед, моро хабар кун, то ҳавдаҷ пеш бозоваранд. Акнун шумо бар асп савор гардед, то би-равем.

Пас, Маҳпарию лоло Солеҳу Рӯҳафзо савор шуданд. Конун ва он ходимон, ки бо вай буданд, якеро ном Миф-тоҳ буд ва ӯро гуфт, ки ин қалъа нигоҳ медор, то шоҳ ка-се фиристад. Ва ин ду духтар пеши ту мебошанд бо ду хо-дим.

1 Ҳавдаҷ — қаҷовае, ки дар он занон савор шаванд.

пешина
аз 290
навбатӣ