Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ин бигуфт ва қалъа ба Мифтоҳ дод, бо духтари шоҳ ва Рӯҳафзою лоло Солеҳ ва Кофур рӯй ба роҳ ниҳо­данд ва ба таъҷил меронданд, то ба марғзоре расиданд ва фуруд омаданд ва замоне биёсуданду чизе бихӯрданд, ки ногоҳ аз гӯшаи биёбон гарде пайдо шуд. Конун гуфт, эй дарего, кори мо ба зиён хоҳад омад ва ранҷи мо барбод хо­ҳад шуд. То ба мо бар чӣ хоҳад расид? Аз ҳар гуна анде­ша мекард, ки чора кунад ва чашм дар гард ниҳод. Ногоҳ гӯрхаре пайдо омад, рӯй ба марғзор ниҳода. Гӯрхар чун одамӣ дид, бозгашт.

Конун хуррам шуд. Дарҳол бархост ва савор шуданду рӯй ба роҳ ниҳоданд. То ними шаб бароҳу бероҳ мераф­танд. Конун бо соз буд ва ду митҳара об дошт бар фитро­ки асп баста. Яке доруи беҳушона буду яке на. Пас, он мит­ҳараро аз фитрок бикшод, ки беҳушона дар ӯ набуд. Дар дам гирифт ва мехӯрд. Ва қоида бошад, ки дар роҳ чун яке об хӯрад, дигаронро иштиҳо бибошад, хосса дар шаб.

Маҳпариро об орзу кард. Гуфт:
— Эй лоло, маро обе деҳ, то бозхӯрам.

Конун бишнид. Дарҳол он митҳара, ки беҳушона буд, бикушод ва ба дасти лоло Солеҳ дод, то ба Маҳпарӣ дод. Ва қоидаи Маҳпарӣ чунон буд, ки ҳар чӣ хӯрдӣ, аввал ба Рӯҳафзо додӣ. Пас митҳараи об ба лоло дод, то бозхӯрад ва ба Рӯҳафзо дод, пас, ба Маҳпарӣ дод, то бозхӯрад ва боз митҳара ба Конун доданд. Пас, соате буд. Дору дар димоғи духтар кор кард. Сари ӯ ба гардиш андаромад ва дили ӯ сӯзидан гирифт.

Гуфт:
— Эй лоло ва Рӯҳафзо ғадр аст. Бо шумо бигуфтам, нек бингаред. Набояд, ки талбисе бошад. Ҳарду барбод оем.

Ин бигуфт ва аз асп андар афтод. Лоло Солеҳу Рӯҳаф­зо низ саргарон шуда буданд. Эшон низ бияфтоданд. Ко­нун аз асп пиёда гашту сари лоло Солеҳ бибурид ва ба бо­лини Рӯҳафзо омад, ки ӯро низ сар аз тан ҷудо кунад. Дилаш бар вай бисӯхт, ки вақте сумоғи ӯ шунида буд. Гуфт, чунин мутриберо нашояд куштан, хосса зан.

Ин андеша кард ва Маҳпарию Рӯҳафзоро баргирифт ва банд барниҳоду равона шуд, то бар канори талоя расид. Ва Қатрони паҳлавон ба талоя буд. Пеши эшон бозомад ва гуфт:
— Кистед.

пешина
аз 290
навбатӣ