Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Нигоҳ кард ва Қонунро дид, хуррам шуд. Пеши эшон бозомад ва гуфт:
— Эй паҳлавон, ба мурод омадӣ ё на?
Қонун гуфт:
— Эй паҳлавон, саодати ту бод, ки Маҳпарӣ ва Рӯҳ-афзои мутрибро овардам ва қалъаи Шоҳак бистадам ва Мифтоҳи ходимро кутвол кардам.
Қатрон бар вай офарин кард ва бо вай ҳамроҳ шуд, то ба боргоҳ омад. Ҳанӯз Қизилмалик ба шароб хӯрдан машғул буд. Қатрон бо Қонун хизмат карданд. Қизилмалик гуфт:
— Эй Қонун, бо мурод омадӣ ё на? Шерӣ ё рӯбоҳ?
Гуфт:
— Ба давлати ту бо мурод омадам ва шерам.
Пас, Маҳпарӣ ва Рӯҳафзоро пеши Қизилмалик овард. Қизилмалик дар ҷамоли Маҳпарӣ нигоҳ кард. Агарчи ҳавасе дар димоғ дошт, он ҳавас ба ишқ бадал шуду фитнаи вай шуд. Агарчи беҳуш афтода буд, чашм аз вай барнаметавонист дошт. Пас, гуфт:
— Бо вай чӣ кунам, ки моро ҷанг мебояд кардан. Эшонро ба Мочин мебояд фиристодан, то падарм нигоҳдории вай мекунад, то мо фориғ шавем.
Қонун гуфт:
— Эй шоҳзода, Маҳпариро ба Мочин натавон фиристодан, то туро маълум гардад, ки Самак дар Мочин аст. Ва Сиёҳгилу Сомро ҳам дар шаб аз зиндони Тармаша бибурд ва Дилороми шаробдору олоти шаробхона ва ду писари ман — ҳама ӯ бурд. Агар Маҳпариро ба Мочин фиристӣ ва некӯ нигоҳдорӣ кунанд, ҳам бибарад. Ӯро ба қалъаи Фалакӣ бояд фиристодан, ки қалъа маҳкам аст. Агар лашкари олам гирд оянд, бо он қалъа ҳеҷ ба даст надоранд. Ва ҳазор чун Самак роҳ бар он қалъа набарад ва натавонад бурдан. Ва кутвол Архон асту бо амонат ва хизматгори қадим аст. Маҳпариро бар он қалъа бояд фиристодан, то мо аҳволи ин лашкар бидонем, ки худ чӣ хоҳад будан, то агар моро бибояд рафтан, аз Маҳпарӣ эмин бошем. Ва Маҳпариро ба қалъаи Фалакӣ фирист, ки ман ба Мочин хоҳам рафтан.
Қизилмалик гуфт:
— Агар чунин аст, туро бибояд рафтан, то Маҳпариро биспорӣ, онгоҳ ба Мочин равӣ.
Қонун гуфт:
— Фармонбардорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ