Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарҳол тартиб карданду бо панҷоҳ савор Маҳпарӣ ва Рӯҳафзоро баргирифтанду рӯй ба роҳ ниҳоданд. Ба қалъаи Фалакӣ рафтанд.

Қазои эзидӣ чунон буд, ки чун Қизилмалик Маҳпариро ба қалъа фиристод, аз хуррамӣ ва нишот бар ҷой наметавонист буд. Бо паҳлавонони сипоҳ мегуфт, ки Қонун некӯ қалъаи Шоҳак бистал ва Маҳпариро биёвард. Ҳеҷ кас чунин натавонад кардан. Ва дигар ин рою тадбир некӯ ниҳод ва ҳар яке сухане мегуфтанд, то рӯз ба шабонгоҳ расид, ки ногоҳ зилзила дар олам афтод. Овози кӯси ҳарбӣ ба фалак расидан гирифт. Чунон ки ҳамаи лашкаргоҳ ба ҳам баромаданд ва аз тарсу бим биҳаросиданд ва Қизилмалик худ беҳол шуд. Гуфт:
— Бингаред, то чӣ ҳол афтодааст.

Яке даромад ва гуфт:
— Эй шоҳзода, чӣ ҷои майдони ҷанг аст, ки ҳанӯз ба лашкаргоҳи худ нарасидаанд.

Шоҳзода гуфт:
— Агар чунин аст, моро бибояд рафтан, ки азим сипоҳе менамояд.

Паҳлавонон гуфтанд:
— Эй шоҳзода, чӣ ҷои ин аст? Мо мебошем, то он сипоҳ бирасанд ва бингарем, ки чӣ гуна мардонанду чӣ хоҳад будан. Агар тоқати эшон дорем, масоф кунем вагарна, эшон зиёдат бошанд, меравем.

Аз ин маънӣ мегуфтанду мебуданд.

Аз он ҷониб Хуршедшоҳро марде пеш омаду гуфт:
— Эй шоҳзода, муждагонӣ, ки лашкари фаровон аз ҷониби Ҳалаб расиданд ва пешрави эшон марде пири нуронӣ, номи ӯ Ҳомони вазир.

Хуршедшоҳ чун бишнид, аз ҷой баромад, хуррамию нишот кард. Муждагониро фаровон мол бидод ва он чӣ пӯшида буд, ба вай дод. Дарҳол савор шуду бо ҷумлаи сипоҳ ба истиқболи Ҳомони вазир шуданд.

Чун ба миқдори фарсанге рафта буданд, ба он лашкар расиданд. Чун чашми Ҳомони вазир ба Хуршедшоҳ афтод, дарҳол пиёда шуд ва ҷумлаи сипоҳ пиёда шуданд. Шоҳзода гирён шуд бар фироқи падар. Ҳомони вазир ӯро дар канор гирифт. Аз орзуи падар чандон бигирист, ки ҷумлаи сипоҳ ба гирья афтоданд. Паҳлавонон меомаданд ва дасти Хуршедшоҳ бӯса медоданд. Ҳомони вазир бифармуд, асби Хуршедшоҳ биёварданд, ки вай ва ҷумлаи сипоҳ пиёда мерафтанд. Ва бозуи Хуршедшоҳ бигирифту ӯро савор кард.

пешина
аз 290
навбатӣ