Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
нома номи Яздон ёд кард. Пас аз Арманшоҳ офарин кард ва шукр гуфт, ки ӯро ташриф дода буду ёд карда. Пас он гаҳ аҳволи Ғӯри Кӯҳӣ, чунон ки шунида буд, шарҳ дод. Ва номаро ба ин мардумон, ки ба ҳазимат омада буданд, пеши Арманшоҳ фиристод. Гуфт:
— Бо шоҳ он чӣ дидаед ва шунидаед, бигӯед.
Ишон рӯй ба роҳ ниҳоданд, то ба лашкаргоҳ расиданд. Пеши Арманшоҳ шуданд ва нома бидоданд. Шоҳ нома ба дасти Шаҳрони вазир дод, то бархонад ва маонии нома ба шоҳ бигуфт. Арманшоҳ дилтанг шуд ва бар марги Қарохон дареғ хӯрд ва аз он мардумон, ки ба ҳазимат омада буданд, аҳвол пурсид. Ишон чунон ки рафта буд, бозгуфтанд. Пас Арманшоҳ гуфт:
— Эй Шаҳрон, бибин, то чӣ тадбир созем бо ишон.
Моро душмане чанд дигар пайдо шуданд.
Шаҳрон гуфт:
— Эй шоҳ, чора он аст, ки нома нависем ба Ғотуш ба дилхушии бисёр, то лашкар ҷамъ кунад ва ба дараи Ғӯри Кӯҳӣ равад ва бо ишон масоф кунад. Чораи кӯҳиён кӯҳиён донанд, ки аз лашкари мо кас расму русуми кӯҳ надонанд. Ва дигар, лашкаре чунин дар баробари мо, раҳо натавонем кардан.
Дарҳол Шаҳрони вазир нома навишт ба Ғотуши паҳлавон ва подшоҳи Дувоздаҳдара бо дилгармии бисёру умедхони фаровон. Аммо баъд гуфт:
«Ғотуши паҳлавон бидонад, ки он чӣ намуда буд аз аҳволи Ғӯри Кӯҳӣ моро маълум шуд. Сахт бевафоӣ кард. Хостам ки биёям ва ӯро молише фармоям, аммо акнун намепардозам, ки бар миқдори сесад ҳазор савори душман дар баробари мо анд. Раҳнамоӣ тавонам кардан. Ва моро худ лашкари беш аз ин ба кор мебояд ва агар на, лашкар бифиристодаме ва паҳлавонро ёрӣ кардаме. Акнун хоҳам ки ғамхорагӣ кунад. Чун бар ин нома воқиф шавад, дар ҳолу соат лашкар ҷамъ кунад ва ба ҷанги Ғӯри Кӯҳӣ равад ва дара бар ишон ҳисор кунад ва дасти зулми Ғӯри Кӯҳӣ кӯтоҳ кунад ва ҳамаро қаҳр кунад. То ман аз кори Фалфури Чин фориғ шавам ва узрҳо бозхоҳам. Вассалом».
Номаро мӯҳр барниҳод ва ба Самеҳ дод, ки нома
оварда буд ва ӯро хилъат дод. Самеҳ рӯй ба роҳ ниҳод
ва пеши Ғотуш омад. Номаи шоҳ биниҳод. Ғотуш нома
бархонд ва маълум кард, ки шоҳро чӣ мақсуд аст. Дархоя

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё