Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кас фиристод ва аз дара сипоҳ ҷамъ овард. То ба ду-се рӯз миқдори даҳ ҳазор савор пеши Готуш омаданд. Готуш аҳволи Ғури Кӯҳи бо ишон бигуфт ва номаи шоҳ бинамуд. Гуфт:
— Моро ба ҷанги Ғури Кӯҳи мебояд рафт.
Ҳамагон гуфтанд:
— Фармонбардорем.

Пас рӯй ба роҳ ниҳоданд, то бар сари дараи Ғӯри Кӯҳӣ омаданд. Хабар ба Ғӯр расид, ки Готуш бо даҳ ҳазор савор ба дара омаданд ва азми пайкор доранд. Ғӯри Кӯҳӣ то ин кор афтода буд, худ баэҳтиёт мебуд ва кори масоф месохт. Чун лашкар бирасиданд, бифармуд, то лашкар гирд омаданд ва дувоздаҳ ҳазор савори мардона рӯй ба сари дара ниҳоданд.

Самаку ёрон хизмат кардаид ва гуфтанд:
— Мо низ ба ҷанг миён бандем ва дар хизмат биёем.
Ғӯри Кӯҳӣ гуфт:
— Эй Самак, шумо мераведу ба шароб хӯрдан машғул бошед, ки мо худ ҷанг кунем, ки ин кор чунин аст. Мо медонем, ки моро ҷанг мебояд кардан, аммо надонистем, ки он аз баҳри шумо бошад.

Самаки айёр гуфт:
— Эй паҳлавон, агар мо низ ёрӣ кунем, бишояд.
Ғӯри Кӯҳӣ гуфт:
— Нахоҳам, ки яке аз шумо берун ояд. Набояд ки ранҷе расад ва номи садсола барбод шавад. Гӯянд Ғӯри Кӯҳӣ зинхориёнро ба дасти теғ боздод. Мо хонумон аз баҳри шумо дорем. Дил фориғ доред, ки ишон бо мо ҳеҷ ба даст надоранд. Агар ҷумлаи олам сипоҳ бар ин ҷойгоҳ ояд, бо ишон бизанем, ки мо ба хок кор кунем.

Самак бар вай офарин кард. Гуфт:
— Эй паҳлавон, агар моро бикушанд, андеша нест, ки моро хумхоҳ Хуршедшоҳ аст. Бо сесад ҳазор савор дар маргзори Заъфарон фуруд омадааст. Ба ҳар мӯе, ки аз сари мо кам шавад, яке аз душманон бикушад.

Ғӯри Кӯҳӣ гуфт:
— Эй паҳлавон, то моро дар тан ҷон бошад, нагузорем, ки яке аз шуморо ранҷе расад. Чун моро куштанд, шумо донеду Хуршедшоҳ. Кас маро ҳеҷ сухан нагӯяд.

Самак ӯро дуо гуфт, дар кору кирдори вай аҷаб бозмонда буд ва офарин кард. Пас гуфт:
— Эй паҳлавон, ба дастури тамошо кунем.
Ғӯр гуфт:

пешина
аз 283
навбатӣ