Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Раво бошад. Бар гӯшае назора мекунед.
Самак бо ёрон бинӯмаданд ва дар гӯшае бинӯстоданд ва назора мекарданд, то аз ҳар ду лашкар овози кӯси ҳарбӣ баромад. Сафҳои лашкар рост карданд, ки аз лашкари Ғотуш саворе асп дар майдон ҷаҳонид, бар асбе бодпон майдонӣ савор гашта ва чаҳордаҳ пора силеҳи разм бар худ рост карда. Номи он мард Самангон — бародарзодаи Ғотуш буд. Марде паҳлавон буд. Назразанон дар майдон омад, мард хост, ки аз лашкари Ғӯри Кӯҳӣ бародараш Кӯҳйёр асп дар майдон ҷаҳонид — бар асбе тобдори размӣ савор гашта ва асбро ба барғустувон ороста. Баробари Самангон омад. Бонг бар вай зад, гуфт:
— Эй фурӯмоя ки туӣ, магар аз ҷони худ сер гаштай, ки ба ҷанг берун омадай? Биҷӯвар, то аз мардӣ чӣ дорӣ!
Пас ҳар ду найза бар найзан якдигар афканданд ва бисёр бо ҳам бикӯшиданд, то Кӯҳйёр найза аз даст бияндохт ва теғи ҳиндӣ аз ҷуфт ҷудо кард ва ба Самангон даромад, то ӯро теғ занад. То Самангон хабар шуд, теғе бар фарқи ӯ чунон зад, ки то сина бишкофт. Самангон аз асб дарафтод. Хурӯш аз лашкари Ғотуш баромад. Ҳамгинон зорӣ карданд.
Ғотуш аз барон бародарзода дилтанг шуд. То савори дигар дар майдон омад, Кӯҳйёр ӯро бияфканд. Ҳамчунон то чаҳордаҳ мард ба теғ бияфканд, ки яке захме бар Кӯҳйёр назад. Кӯҳйёр истода буд ва назра мезад ва мард мехост. То марде дар майдон омад, номи ӯ Хушном, аз дараи Курд буд, ки аз ҷумлаи дувоздаҳ дара буд. Марде мард буд. Баробари Кӯҳйёр омад па бонг бар вай заду гуфт:
— Ноҷавонмардон ки шумоед! Касе бо хешу пайванди худ масоф кунад ва дар подшоҳи худ осӣ шавад? Аз баҳри бегонае ин ҳама ранҷ бар худ ниҳодан чист? Шуморо бар ин кор нахоҳанд гузошт! Биҷӯвар, то аз мардӣ чӣ дорӣ, ки мардон надидай ва гӯй дар майдон афкандан ва ҳар чи хоҳӣ мекунӣ бо ду-се кӯдак, пин дори, ки коре азим кардаӣ!
Хушном ин сухан мегуфт, Кӯҳйёр ҷавоб намедод, то найза бар найзан якдигар афканданд ва бисёр бо ҳам бикӯшиданд. Касе музаффар нашуд, ки ногоҳ шаб даромад. Табли осоиш бизаданд. Лашкар бозгаштанд, рӯй ба
1 Барғустувон — зиреҳ барои аспон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё