Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

осоиш надоданд. Ва чун лашкар фуруд омаданд, аз ҳар ду ҷониб талоя берун карданд.

Ғӯри Кӯҳӣ бо мардумони дара ба шароб хӯрдан машғул шуданд.

Самак бо ёрони худ дар ҷойгоҳе, ки аз баҳри эшон падид карда буданд, ба шароб хӯрдан бинишастанд. Ҳар кас сухане аз мардиву айёрии касе мегуфтанд ва Самак айёриву чолокиву мардиву ҷавонмардиву ҳалолзодагиву некмаҳзарӣ, ки Рӯзафзун карда буд, шарҳ медод, то Сурхвард гуфт:

— Эй паҳлавони Самак, чанд гӯӣ аз Рӯзафзун ва аз пурдливу айёрии вай? Дар миёни шаҳру бозор ва кӯчаву маҳаллятҳо, ки дида бошаду дониста, мардӣ кардан чӣ маҳал дорад? Ҳамаи кӯдакон бикунанд. Дар чунин ҷое, миёни кӯҳу дарае, ки надида бошанд, коре бояд кардан, то номи мардиву айёрии ӯ мусаллам бошад.

Рӯзафзун донист, ки ӯро чӣ афтодааст. Агарчи Рӯзафзун аз он фароге дошт, гуфт:

— Эй Сурхвард, чӣ коре бояд кардан дар ин кӯхистон?

Сурхвард гуфт:

— Касе бояд ки ба болини Ғотуш равад ва нишона биёварад, то ӯро номи мардиву айёрӣ сазовор бошад.

Рӯзафзун гуфт:

— Ҳар кӣ тавонад рафтан, нек бувад. Ин кори ман нест.

Сурхвард гуфт:

— Ман биравам.

Рӯзафзун гуфт:

— Агар тавонистӣ рафтан, нағуфтӣ. Аммо агар ту биравӣ ва нишоне биёварӣ аз болини Ғотуш, то ман бошам, ҳаргиз номи айёрӣ бар худ наниҳам ва дар миёни мардум набошам ва дар паси парда бинишинам ва ба кори занон ва дуку пунба машғул гардам. Ва агар на, ту баъд аз ин ҳар чӣ натавонӣ кардан, магӯй. Хосса дар чунин маҳзаре 1, ки паҳлавони замона Самаки айёр ва озодмардони чунин ҳозиранд.

Сурхвард фурӯ монд. Гуфт: «Набояд ки Самак дил дар вай бандад ва маро рашк намояд, ки мардиву паҳлавонӣ аз вай дида аст. Бархезаму коре бикунам». Бархост, ки биравад. Самаки айёр гуфт:

1 Маҳзар — ҷои нишаст, ҷои ҷамъомад.

пешина
аз 283
навбатӣ