Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй Сурхвард, бинишин, ки ин ҷойгоҳ чун шаҳр нест. Набояд ки хатоӣ афтад ва ному нанги мо барбод шавад, ки бисёр ғусса кашидем, то туро аз банд берун овардем.
Сурхвард гуфт:
— Эй паҳлавон, биравам, ки ман тоқати сухан надорам. Нашунидӣ, ки хоҳарам Рӯзафзун чӣ гуфт ва маро чӣ таъна зад? Бихоҳам рафт, ки дар ин кор маро чизе дар дил меояд. Агарчӣ аз он фориғам, аммо дили занон ҳарзаандеши бисёр бошад. Биравам. Агар бомдод омадам, нек. Пас агар на, бидон, ки гирифтор омадаам, ту донӣ. Агар хоҳӣ, талабкори ман бошӣ, ва агар на, рафтам то Яздон чӣ хоҳад.

Самак дарёфт, ки Сурхвард чӣ мегӯяд: Ӯро андеша аз баҳри Рӯзафзун аст. Ҳеҷ нагуфт, то Сурхвард силоҳ пӯшид ва рӯй ба роҳ ниҳод, то бар сари дара расид.
Дар талоя Кӯшёр буд. Сурхвард дар паси санге пинҳон шуд, то аз эшон даргузашт ва огоҳ нашуданду ӯро надиданд. То бар он мақом омад, ки лашкари Ғотуш буданд.
Ва дидабон аз болои кӯҳ нишонда буданд, чун Сурхвард даромад, бидид, ки аз дара рӯй ба лашкаргоҳ ниҳода буд. Оташ кард. Наздиктар дидабоне дигар нишаста буд. Чун оташ аз боло бидид, ӯ низ оташ кард.

Чун лашкар огоҳ шуданд, ки касе аз дара меояд, дувист мард биомаданд ва дар камингоҳ бинишастанд. Чун Сурхвардро бидиданд, перомуни вай баромаданд ва ӯро бигирифтанду барбастанд ва пеши Ғотуш бурданд. Ғотуш гуфт:
— Эй ҷавон, ту кистӣ ва аз куҷо меоӣ?
Сурхвард гуфт:
— Эй паҳлавон, манам Сурхвард, аз дараи Ғӯри Кӯҳӣ меоям.
Ғотуш гуфт:
— Ту аз бандиёнӣ, ки дар қалъа будӣ? Гуфт:
— Бале.
Ва ҳеҷ кас намедонист, ки ӯ зан аст.
Ғотуш гуфт:
— Ба чӣ кор омадаӣ?
Сурхвард гуфт:
— Маро бо Самаку Оташак ва Инёл бинии Санҷонӣ ва ҷамоати айёрон, ки бо ҳам будем, гуфторде афтод ва ман ба хашм аз пеши эшон биомадам. Гуфтам роҳ ёбаму бигузарам, маро худ бигирифтанд.

пешина
аз 283
навбатӣ