Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Готуш гуфт:
— Ӯро банд баринҳед, то пеши Арманшоҳ фиристем, ки ҳамгинон чунин дар банд оянд.
Сурхвардро банд баринҳоданд ва бидоштанд.
Аз он ҷониб Самаки Аёр бо ҷамоати айёрон интизор мекарданд, то рӯз равшан шуд. Сурхвард бознаёмад. Ишон дилтанг шуданд.
Ғӯри Кӯҳӣ бифармуд, то дуҳули чанг фурӯ кӯфтанд ва лашкар азми майдон карданд. Готуш рӯй ба масофгоҳ ниҳод. Чун сафи ҳар ду сипоҳ рост карданд, то аз лашкари Готуш Хушном асп дар майдон ҷаҳонид па наъра заду мард хост ва гуфт:
— Куҷо шуд Куҷёр, ки дирӯз бо ман набард озмуд па мард хост? Бигӯй, то дар майдон ояд, ки ҳамнабарди ту дар майдон аст. Ва дӯш Сурхвардро гирифтаем, ки шуморо хабар набуд ва ҳамяро ҳам чунин хоҳем гирифтан Ғӯри Кӯҳӣ ин суханро бишнид, ки Сурхвардро гирифтаанд, рӯй ба Самак кард, гуфт:
— Чӣ ҳодиса аст, ки ишон мегӯянд, ки дӯш Сурхвардро гирифтаем?
Самак забон баркушод ва гуфт:
— Эй паҳлавон, дӯш дар сари шароб хӯрдан Сурхвард бо Рӯзафзун дар мунозира буданд, ки даъвои айёри карданд. Сурхвард гуфт: «Ман биравам, нишонае аз боргоҳи Готуш биёварам». Бар ин кор бархосту бирафт, то даъвое, ки кардааст, ба ҷой оварад. Магар гирифтор омад.
Ғӯри Кӯҳӣ гуфт:
— Эй паҳлавони Самак, ин на нек аст, ки мо дар банди он бошем, ки шуморо ранҷе нарасад ва ба ватан бозравед. Ва сар бар кафи даст ниҳодаиу бо хешу пайванд дар пайкор омадан ва дар подшоҳи худ оси шудан бад-оӣ, то ному нанги мо бар ҷой бимонад. Ва шуморо ба корҳои чунин машғул будан ва худро дар дасти душман боздодан. Ин чӣ кор кардан аст? Маро ин кор писандида намеояд, ки бадноми аз ин ҳосил шавад, ки зиндарии маро бигиранд. Чорае нест. Аз ин навбат ҳеҷ нахоҳам гуфтан, Агар пас аз ин боз кори чунин кунед ва яке аз шумо ба кори новоҷиб машғул шавад... Баъд аз ин раҳо накунем, ҳи касе ин кор бикунад ӯ бад-ои ҷо равад.
Ин бигуфтанд ва ба чанг машғул шуданд. Хушном

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё