Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
дар ҷавлон буд, то Кӯҳёр тира шуду асп дар майдон ҷаҳонид. Пеши Хушном омад наъразанону уштулумкунон. Гуфт:
— Эй ҳаромзода, ин чӣ ошӯб аст, ки дар ҷаҳон афкандай?
Хушном гуфт:
— Эй паҳлавони Кӯҳёр, ин чӣ кор аст, ки шумо мекунед? Аз баҳри бегонае чандин ҳазор мард душмани худ мегардонед ва мардуми ёздаҳ дараро бар худ меозоред ва бо подшоҳе чун Арманшоҳ пайкор мекунед. То Самак бо шумо чӣ кунаду ҳазор чун вай?
Кӯҳёр гуфт:
— Биёвар, то чӣ дорӣ, ки ин на кори мо бошад ноҷавонмарди кардан. Касе ки ба зиҳори мо ояд, ӯро аз даст надиҳем, то ҷон дорем. Ту Самак мегӯӣ, ки сарҷумлаи мардони олам аст, агар ба ҷон вай зане будӣ, мо ӯро ба ҷон нигоҳ доштамонӣ. Бисёр магӯву лоф мазан. Биёвар, то чӣ дорӣ?
Ин бигуфтанд ва найза ба найзан якдигар афканданд ва бисёр бо ҳам бикӯшиданд, то найзаҳо дар дасти ишон бишикаст ва бар ҳам зафар наёфтанд. Найзапораҳо аз даст бияндохтанд. Даст бизаданд ва теғҳои обдор аз ниём бароварданд ва дарақҳо дар сар кашиданд ва теғ дар сару фарқи якдигар ниҳоданд. То Кӯҳёр даромад ва Хушномро теғ зад ва фарқи Хушном ба ду нима кард, то ба сина бишикофт. Хушном бияфтод. Хурӯш аз лашкари Ғотуш баромад.
Пас хеше аз онӣ Ғотуш буд, номи ӯ Чарос. Паҳлавоне азим буд ва ҳашт газ болон он буд ва чаҳор газ паҳно, найза дар даст дошт. Ҳиромуну наъразанон дар майдон омад. Бонг бар Кӯҳёр зад, гуфт:
— Эй ноҷавонмард, якеро афкандӣ, ки беҳтар буд аз ҳазор чун ту.
Кӯҳёр гуфт:
— Аз ту беҳтар буд, ки ғами ӯ мехӯрӣ? Ғами хеш хӯр, ки ҳам акнун туро пеши вай фиристам. — Ин бигуфт ва хашм бар вай ҳамла кард ва теге заду найзан ӯро ба ду ним кард. Чарос хост, ки теғ аз ниём бароварад, ки Кӯҳёр асп дар ӯ тохт ва теғе зад бар миёни ӯ, ки чун манорае аз пой дарафтод, ҷаҳон ғубор гирифт. Кӯҳёр наъра зад ва мард хост.
Хурӯш аз лашкари Ғотуш баромад. Ғотуш бар марги вай бингарист. Ва Кӯҳёр наъра мезад ва мард мехост. Ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё