Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз эшон меомаданду меэфканданд. То сад мардро бияфканд. Вақти он ки офтоб фурӯ шуд, табли осоиш бизаданд. Аз ҳар ду ҷониб лашкар бозгаштанд ва рӯй ба осоиш ниҳоданд. Ва сухани паҳлавониву чолокии Кӯҳёр мегуфтанд, то ҳар касе ба коре машғул шуданд.

Самак бо ҷамоате айрон аз баҳри Сурхвард ғамнок буданд, то шаб даромад ва ҷаҳон торик шуд. Рӯзафзун бархост ва пеши Самак хизмат карду гуфт:
— Эй паҳлавон, дастури бошад, ки биравам ва Сурхпардро аз банд берун оварам ва аз Готуш нишон оварам.

Самак бо Рӯзафзун гуфт:
— Бинишӣ, набояд, ки хатоие афтад ва дарди мо бар дард зиёдат шавад ва Гӯри Кӯҳӣ аз мо озурда гардад.

Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, чора нест аз рафтан. Сурхвардҷонро раҳо натавонем кардан. Аммо агар ғами вай нахӯрем, кӣ хоҳад хӯрдӣ? Гӯри Кӯҳӣ бо сипоҳ беш аз он нест ва натавонад кардан, ки аз баҳри мо ҷон фидо кардаанд ва масоф мекунанд ва дар кори айёрӣ надонанд ва ғамхори Сурхвард набошанд. Ва агар бошанд, чӣ созанд? Ман бихоҳам рафтан ва ҷавоби кори вай боздодан, бад-он чӣ даъво кард.

Самак гуфт:
— Гӯри Кӯҳӣ биёзорад ва эшон мардуми кӯҳинанд ва надонанд, ки мо ин кор аз баҳри чӣ мекунем. На нек бошад. Чун бад-ишон расидем ва моро ғамхоранд ва ҷавонмардии бағоят мекунанд, моро ночор фармони ишон бояд бурдӣ ва ҷуз он набояд кардан, ки муроди ишон бошад. Чун ишон ҷавонмардӣ кунанд, мо ноҷавонмардӣ натавонем кардан.

Рӯзафзун гуфт:
— Биравам, ки ҳар касе донаид. Ту ҳиммат медор, ки ҳиммати ту корҳо рост барояд.

Самак чора надид, гуфт:
— Ту беҳтар донӣ.

Рӯзафзун сабук силеҳ пӯшид ва ҷомаи кӯҳна бар сари силеҳ дарпӯшид ва кулоҳи кӯҳна бар сар гузошт ва рӯй ба рӯх ниҳод, то ба талаби Гӯри Кӯҳӣ расид. Марддӯсту Мардгир ва Мардафкан бо ҳазор савор белору хутшор истода буданд. Рӯзафзун ба чора аз ишон даргузашт, то

1 Аммо — ба маънии ин о.

пешина
аз 283
навбатӣ