Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба сари дара омад. Ва овоз бароварду суруд гуфтан гирифта бо бонги баланд, чунон ки дидабон мешунид. Рӯзафзун мерафт. Дидабон гуфт: «Агар мухолиф будӣ, фарёд надоштӣ ва суруд нагуфтӣ, пинҳон бигузаштӣ. Аз лашкари мост, ки чунин густоҳ меравад».

Рӯзафзун меомад, то ба талаян Готуш расид. Талоядорон гуфтанд:
— Ту кистӣ?
Гуфт:
— Ҷосусам ва пеши Готуш паҳлавон меравам.
Бро раҳо карданд ва саворе бо ӯ бифиристоданд. То ба дари хаймаи Готуш омаданд. Рӯзафзун густоҳ дар хайма рафт ва хизмат кард. Готуш бо паҳлавонон бар сари тахт нишаста буданд. Гуфт:
— Эй паҳлавону подшоҳи Дувоздаҳдара, дарёб ва агар коре хоҳӣ кардан, кун, ки Ғӯри Кӯхӣ бо Кӯхӯру Кӯшӯр ва Марддӯсту Мардгиру Мардафкан хароб афкандаанду аз ҷаҳон огоҳӣ надоранд. Агар даҳ савор бираванд, эшонро дастгир кунанд.

Готуш чун бишунид, хуррам шуд. Дарҳол дувист савораи номзад кард ва гуфт:
— Чунон бояд кард, ки кас огоҳ нашавад аз ин кор.
Ба дара На Ғӯри Кӯхӣ раванд, ки ҳама дар хобанду ғофил, ки мард омаду гуфт: «Ҳамаро дастгир кунед!»
Саворон рӯй ба роҳ ниҳоданд.

Рӯзафзун истода буд ва Сурхвард баробари вай афканда бо банду гул. Готуш ба шароб хӯрдан машғул, то Рӯзафзун дар омадану шудан буд. Ба чора беҳушона дар шароб афканду биистод ва назора мекард. То Готуш кадаҳе шароб бозхӯрд ва маст буду бияфтод. Он ду-се тан аз хоссагиён, ки омада буданд, аз он шароб беҳуш гаштанд.

Рӯзафзун пеши Сурхвард омаду ӯро бикушод ва даст гирифту аз хайма берун овард. Гуфт:
— Эй хоҳар, дил фориғ дор, ки чунон набошад, ки туро гумон аст. Мо ба дараи Ғӯри Кӯхӣ натавонем рафтан, ки лашкар дар роҳ аст. Бар ин кӯҳ, ки баробари туст, бирав, ки дар он рӯи кӯҳ бар дасти рост роҳи рост аст то ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ. Чун пеши Хуршедшоҳ равӣ, аҳволи мо чунон ки дидӣ, бигӯй; ки ман ҳанӯз дар ин лашкаргоҳ кор дорам, ки ба чора худро берун тавонам афканд. Ин бигуфт ва Сурхвардро ба роҳ кард.

пешина
аз 283
навбатӣ