Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас он гоҳ Рӯзафзун дар паси хаймаи Готуш омад ва кулоку қабои Готуш баргирифту дарпӯшид ва гуфт:
«Готушро натавонам куштан, ки ҳеҷ бад бо мо накардааст». Берун омад ва аспи наҷбат бар дари боргоҳ истода буд, пой бар асп дарпарду рӯй ба роҳ ниҳод. Ҳар ки Рӯзафзупро медид, мегуфт: «Готуш хилъат додааст». Бад-ин сифат мерафт.

Аз он ҷониб, чун лашкари Готуш бирафтанд, оҳиста меройланд, то бар сари дара расиданд. Талоя Марддусту Мардгиру Мардҷакан буданд. Бедору ҳушёр буданд. Чун лашкар диданд, ки оҳиста намеомаданд, донистанд, ки шабеҳун меояранд. Дам дар кашиданд, то лашкари Готуш ҷумла бар дара омаданд. Пас ишон камин баркушоданд. Шаб торик шуд ба буд. Ишон дар ҳам афтоданд ва мардумони Готушро бигирифтанд, то рӯз равшан шуд. Аз он дувист ёздаҳ тан бигурехтанд. Хаставу маҷрӯҳ ба ҳазимат шуданд ва боқӣ кушта шуданд.

Рӯзафзун бар домани талоя омада буд ва пеши лашкари талояи худ истода ва назора мекард, то лашкар бозгаштанд. Рӯзафзун бо ишон пеши Гӯри Кӯҳӣ омаданд.

Гӯр ба тахт баромада буд ва ҳар касе ба хизмат намеомаданд. Самак ба ҷойгоҳи худ нишаста, ки мардумон аҳволи шабеҳун мегуфтанд, то Гӯрро чашм бар Рӯзафзун афтод. Гуфт:
— Ин ҷавон кист?
Самак хизмат кард, гуфт:
— Эй паҳлавон, Рӯзафзун аст, хизматгори ту.
Гӯр гуфт:
— Ин қабову кулоҳ аз куҷо овард, ки ман бад-ӯ надодам? Рӯзафзун хизмат кард ва гуфт:
— Ҳам аз иқболи туст.
Пас забон баркушод ва он чӣ карда буд — аз рафтан ба лашкаргоҳи Готуш ва ишонро ба ҷанг ҳарис кардан ва беҳушона дар шароб афкандан ва хӯрдани Готуш шаробро ва уфтодан бар сари тахт ва Сурхвардро аз банд берун овардан ва ӯро ба лашкаргоҳ фиристодан, то он соат, ки пеши ишон омад, — ҳама бозгуфт.
Гӯр гуфт:
— Чаро Готушро накаштӣ?

пешина
аз 283
навбатӣ