Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, вақт неёфтам ва дигар, ачал боқӣ буд.
Ғӯри Кӯҳӣ бо ҷумла паҳлавонон бар вай офарин карданд. Ғӯр гуфт:
— Имрӯз бар ин хуррамӣ шароб хӯрем ва нишот кунем, ки дӯш навбати ҷанг доштаем. Ва кас фиристем ба Готуш, то бигӯяд, ки имрӯз ҷанг нахоҳем кардан. Майдон холӣ мебояд кардан.
Мард ба роҳ афтод ва бирафт.
Аз он ҷониб, ҳазиматии Готуш, он ёздаҳ мард ба лашкаргоҳ омаданд ва овоза дарафтод, ки чандин мард ба ҳалок омадаанд. Ҳамгинон дилтанг шуданд, хуруш бароварданд. Готуш аз хоб даромад, ғалабаву ошӯби лашкар шунид, пурсид, ки чӣ будааст? Гуфтанд:
— Эй паҳлавон, дӯш чунин коре дарафтодааст ва халке бисёр ба марг омадаанд. — Аҳвол бигуфтанд.
Готуш фурӯ монд. Талаби букча кард. Қабову кулоҳу аспи навбат надонданд. Бо Готуш бигуфтанд. Готуш гуфт:
— Сурхвардро бингаред, то ҳаст?
Гуфтанд:
— Эй паҳлавон, ӯро бурдаанд.
Готуш барошуфт. Гуфт:
— Ин кор Самаки айёр кардааст. Бо вай чӣ тадбир созем. Ҳам ҷавонмарди кор фармуд, ки ҷони моро аламе нарасонид. Агар чунин хоҳад буд, мо чораи эшон надо-нем. Моро нома бояд навиштан ба Арманшоҳ ва аҳвол намудан ва гуфтан, ки мо тоқати эшон надорем, то би-фармояд, ки чун мебояд кардан.
Дарҳол тартиби нома дод ва аҳволҳо дар нома ба шаҳр ёд кард аз он чӣ карда буд дар майдондорӣ ва ги-рифтор шудани Сурхвард ва бурдан ӯро, чунон ки рафта буд, дар нома шарҳ дод ва ба Арманшоҳ фиристод, ки дарсоат марди Ғӯри Кӯҳӣ бирасид, ки «мо имрӯз ҷанг нахоҳем кардан, то майдон пок шавад». Ва ин пайгом бигузорду бозгашт.
Пас дар он ҷойгоҳ Ғӯри Куҳӣ ба шароб хӯрдан маш-ғул шуд. Самак бо ҷамоати хеш ҷудогона шароб мехӯр-данд, то соате баромад, Самак бархост ва гуфт:
— Эй мардон, ман биравам ва поёни дара бинигарам ва соате баргардам ва бибинам у тамошо кунам. Шумо ҳамчунин бар ҷой мебошед, то ман бозоям.
Ин бигуфт ва рӯй ба роҳ ниҳод. Миқдори ним фар

пешина
аз 283
навбатӣ