Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
санг бирафт. Бешае дид пурдаррахт ва оби чашма бисёр ва мебаромад аз ҳар гуна ва ҷойгоҳи сахт хуш. Гуфт: «Субҳон он зӯдӯе, ки чунин ҷойгоҳе падид овард, ин ҳама чашмаву об равон кунад ва аз роҳи гузари мардум дур дорад ва қавме бад-он дорад, ки худ надоранд, ки чист». Инчунин бо Яздон муноҷот мекард ва дар беша мегашт ва тамошо мекард, то ба поёни дара расид. Роҳ баста буд. Кӯҳе дид, рост, чунон ки устоде чалду ба санъат деворе бароварад, ки ба масъал мӯрча бад-он патавонистӣ рафтан. Об дид, ки аз миёни санги хора берун меомад ва сарчашма буд. Ва дар поёни дара мегашт, то ба маргзоре расид фарохӯ хуш ва чандон мол аз зару сим ва ҷавоҳиру ҷомаву силеҳ фурӯ рехта дид, ки онро ҳадду андоза набуд. Бар миёни кӯҳ кӯҳ-кӯҳ рехта буд.
Самакро чашм хира монда буд аз бисёрӣ мол. Гуфт:
«Дар хазонаи кадом подшоҳ моли чунин бошад?» Дар перомуни он мол бармегашт, то ба гӯшае расид. Нигоҳ кард, ногоҳ нолае ба гӯши вӣ расид. Самак гуфт: «Бинигарам, то чист ва ин нолаи кист ва чӣ тавонад будан.
Ин қуфл бишиканам, то дар паси дар чист. Аз ин ҷо то мақоми Гӯри Кӯҳи ду фарсанг бошад». Дигар бора бо худ андеша кард ва гуфт: «Эй Самак, ақл надорӣ. Мо ба амонат пеши пай омадаем. Дар амонат хиёнат шарт нест. Чун моро ба зинҳор медорад ва ҷон худ ба мо таслим кардааст, раво набуда ва на кори озодмардон бошад». Ин андеша бо худ бикард ва аз он мазъез бозгашт ва боз бар сари ёрон омад ва пеши Рӯзафзуну Ниёл бинии Саничонӣ ва Оташаку ду бародарони кассоб ва Саъди айёру он ҳафта мард. Агарчи Гӯри Кӯҳи ва Шаҳшом пайваста пеши ӯ будӣ, дар он соат он ҷо набуд ва Сурхвард худ ба лашкаргоҳ рафта буд.
Чун Самак биёмад, шаб наздик буд. Самак пеши ишон аз он чӣ дида буд, шарҳ боздод. Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, ман фардо бо ту биёям ва он даргоҳ бинигарам, ки чист ва чӣ гуна сохтаанд.
Гуфт:
— Раво бошад.
Пас ҳамгинон мебӯданд, то шаби тира рахт барбаст
ва рӯз равшан шуд. Дари чанге дарбаста буданд ва аз
ҳар гӯшае ба шароб хӯрдан машғул шуданд
1 Чалд — ӯбук, чапоқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё