Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Рӯзафзунро ҳавас бигирифт, ки он маргзору чашмаву дарбанди оҳанинро бибинад.
Гуфт:
— Эй Самак, бархез то биравем ва он мақому ҷойгоҳ бинигарем.
Самак бархост ва гуфт:
— Биравем.
Оташак низ гуфт:
— Ман биёям.
Нилӣ бинни Сапҷонӣ гуфт:
— Бо ман аҳд кардай, ки ҳар ҷой ки равӣ, маро бо худ бибарӣ ва аз хизмати худ бознадорӣ.
Самаки айёр гуфт:
— Чунин нашуяд кардан. Агар шуморо бибарам, ишонро низ бо худ бибояд бурдан, ки хосу ом нест. Ва ҷамъ рафтан маслаҳат намебинам, ки агар Гӯри Кӯҳӣ моро талаб кунаду набинад, зиён дорад. Ва номи зиште ҳосил шавад. Ҳар рӯз ба навбат якеро мебарам ва ҳамчунин бояд.
Рӯзафзун гуфт:
— Имрӯз навбат марост, ки аввал ман хостам.
Рӯй ба роҳ ниҳоданд. Бад-он дарахтистон омаданд ва тамошо карданд ва он ҳама меваи фаровон бидиданд ва бад-он сарчашма бозомаданд. Ва он оби фаровон, ки он ҷо буд ва аз санг бурун меомад, бидиданд ва он кӯҳ бар он гуна ки пин доштӣ, ки тарошиданд ва ба суҳон карданд. Аз он даргузаштанд то пеши он моли фаровон омаданд. Рӯзафзун аҷаб дошт он молро. Пас Самак биистод ва дарбанд ба Рӯзафзун намуд, ки он ҷост. Рӯзафзун биёмад ва он дари оҳанин бидид ва он қуфли барзада. Ва нолае зор аз паси он меомад. Рӯзафзун даст бар қуфл зад, ки бипечад, натавонист, ки қуфл бузург буд. Аз паси дар овози нола омад, ки:
— Кист?
Рӯзафзун гуфт:
— Эй озод шахс, ки дар паси ин дар мебошӣ, кистӣ ва ин нола чаро мекунӣ ва дар чӣ ранҷ гирифтор шудаӣ ва ин чӣ ҷойгоҳ аст?
Аз андарун овоз омад, ки:
— Эй озодмард, ки бад-ин ҷой расидаӣ ва чунин ғамхори мой, дар бикушой ва дар ин ҷойгоҳ ой ва бибин, ки мо ба чӣ ранҷ андрем.
Рӯзафзун гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё