Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Қуфл барзадаанд, наметавонам кушод. Калид аз куҷо отарам?
Овоз омад, ки:
— Эй оҷудмард, калид дар пояи тахти Гӯри Кӯҳи пи- ходааст. Агар тавонӣ, аз он ҷойгоҳ калид ба даст овар на ки дар бикшои ва моро аз ин банду зиндон растагорӣ деҳ ва аз ин ғам фараҳ овар, ки оҷиз гаштаем.
Рӯзафзун чун бишунид, фурӯ монд. Гуфт: «Ин чӣ та- бонал будая?»
Пеши Самак омад ва аҳвол бозгуфт. Самак аҷаб дошт. Гуфт:
— Эй Рӯзафзун, магар Гӯри Кӯҳӣ касеро дар зиндон кардааст ё зиндони Гӯри Кӯҳист? Моро бо он чӣ кор?
Рӯзафзун гуфт:
— Мехоҳам, ки он бикшоям ва бидонам, ки он чӣ гуна аст ва дар он ҷойгоҳ кист.
Самаки айёр гуфт:
— Эй хоҳар, кор ба шитоб макун, ки ман ҳам ин ҳа- вас дорам, аммо на вақти кор аст. Чун вақт биёяд, моро мазлум шавад.
Ин бигуфтанд ва богаштанд ва ба ҷони хеш боз- омаданд ва пеши ёрон мебуданд.
Чунон гӯяд худованди ахбор, ки чун номаи Ғотуш ба Арманшоҳ расид, бархонд ва маъонӣ маълум кард, ғамнок гашт ва бар худ биларзид ва барошуфту пушти даст бар дандон биканд. Пас боргоҳ сохт ва паҳлавонон ҳозир омаданд. Шоҳ аҳволи Гӯри Кӯҳӣ бигуфт чунон ки Ғотуш намуда буд ва шарҳ дод. Паҳлавонон ки ҳозир буданд ва хоссагиму наздикон чун Қизилмалики фар- занди шоҳ ва Шаҳрони вазир ва Шокири соҳибқалам ва Сайлами паҳлавон ва Маноду Сазод ва Аргуншоҳ ва паҳлавонони Дарозною Одаминқабо ва умарову дигарон дар он кор фурӯ монданд.
Арманшоҳ гуфт:
— Чӣ тадбир созем, ки моро чунин душмане дар пеш асту аз пас душмане дигар падид омад? Чораи он чист, ки эшон чунин корҳо мекунанд?
Ғамнок сар бар пеш афканда, ки Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, нома бояд навиштан ба Ғотуш бо хилъату навки бисёр. Ва нома нависем ба Шохон, ки дар Шаҳдара

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё