Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аст, бародарзодаи Ғӯри Кӯҳӣ, ки падари вай подшоҳи Дувоздаҳдара буд. Агарчи Шоҳон акнун падидор нест, бо ин ҳама ҷумлаи Дувоздаҳдара дар ҳукми ӯ бошад, ки дар Шаҳдара бошад. Шоҳонро ҳилъат фиристем ва моли фаровону фармони Дувоздаҳдара. Ва аз вай дархоҳем, ки кас ба дараҳо фиристад ва лашкар ҷамъ кунад. Ва даран Ғӯри Кӯҳӣ кӯҳиён бидонанд.

Ҳамаи паҳлавонон гуфтанд:
— Неку роӣ зада. Шод бош, эй вазири оқилу дастури доно.

Шоҳ гуфт:
— Нома навис ва ҳилъатҳо тартиб куну равона кун, то ҳарчӣ зудтар бошад, ки коре барояд.

Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, яке нома нависем ба Ғотуши паҳлавон ва узрҳои бисёре, ки моро душмане чун Фағфуршоҳу Хуршедшоҳ бо лашкаре бениҳоят дар баробаранд. Раҳо наметавонем кардан ва бад-он ҷо омадан, ки вилояти Мочин аз даст биравад. Бояд ки ранҷ бар худ гирӣ ва ба ҷаҳду чора бо Ғӯри Кӯҳиву сипоҳи вай бикӯшӣ, ки нома ба Шоҳон набиштаем, ки сипоҳ аз дараҳо бихонад ва бо ҳам ёрӣ диҳанд. Бошад ки коре барояд, ки ному нанги мо дар гардани шумост. Ва ин кор шуморо афтодааст ва ғамхорагӣ мебояд кардан.

Шаҳрон номаи дигаре навишт ба Шоҳон ва аввали нома ӯро биситуд. Гуфт:
«Моро маълум аст, ки паҳлавони Шоҳон, то па-дари вай аз дунё бирафт, дар миёни кор намсояд. Филҷумла бо ин ҳама бар Дувоздаҳдара фармони ӯ равост ва ҳукм бар ҳамгинон. Ба ҳукми подшоҳи Дувоздаҳдара ба ниёбати1 мо ӯст. Бидонад ва огоҳ бошад, ки моро душмане азим падид омадааст, номи ӯ Самаки айёр. Донам, ки шунидай, ки чӣ корҳо мекунад ва кард. Яке он ки ба Дувоздаҳ-дара омад на ба калъа рафту Газбонро кушт. Ва панҷ тан аз шогирдони вай, ки ба дом оварда бу-дем, дар банд буданд. Ишонро бо моле фаровон аз калъа растагори дод, чунон ки ҳеҷ касро аз Ду-воздаҳдара хабар набуд. Чун моро огоҳ карданд, [кас] фиристодем, то ӯро бигиранд. Паноҳ ба Ғӯри Кӯҳӣ бурлааст — ба пеши бародари падари ту. Ва

1 Ниёбат — ноибӣ, ҷойинишинӣ

пешина
аз 283
навбатӣ