Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба лашкари ман омадаанд. Занҷорӣ аз даст додан на кори ман аст, ки кори ноҷавонмардон бувад. Ин мардиву ҷавонмардӣ марост. Ва дигар, ки расул бикуштем, аз мо набуд, аз расул буд. Расул ба ҷойгоҳе ки равад, ва он сухан бигӯяд, ки подшоҳ ӯро бигуфта бошад. Чун хиёнат гӯяд, аз расул бархост, ки хиёнат карда бошад. Ва дар амонат хиёнат кардан ӯро бибояд куштан, ки беамонат тор бошад. Ва агар гуфт «ҷаҳон ба ком набушад ва яксон набувад», агар набувад, ӯро набувад, ки зулму бедод кунад ва агар на, ман чӣ мекунам. Ва дигар, бигӯй, ин маро ба лашкари Дувоздаҳлара матарсон. Ва агар лашкари ҷумлаи олам ва аз онӣ ёздаҳ дара рӯй ба ман орам, матарсам ва на аз эшон зинҷор хоҳам. Андеша накунам ва масоф созам то ҷон дорам. Маро чӣ ғам аст аз ҷанг бо лашкари ёздаҳ дара кардан ва ҷумлаи олам? Агар чунон аст, ки шоҳ хоҳад, ки хидматтор бошам ва ба тоат камари хидмат бандам ва ин пайкор бардорам ва ин ду-се танро аз пеши худ гусил кунам, як кор бо ман бикунад: Даҳ марди маъруф бифиристад, то ман эшонро ба наво дорам ва Самакро бо бӯрому мардони худ ҳамроҳ кунам. Аз миёни шумо бигузаронанд ва ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ расонанд. Чун мардони ман бошоянд, ман навои шумо бозфиристам ва ҳамон Гӯри Қӯхиям, ки будам. На кина чуни ва на масоф кунам.
Бад-ин қарор агар хоҳад, ҳукм шоҳрост. Сухан беш аз ин нест. Бисёр омадану рафтан ва ба ҳарза сухан гуфтан ҳеҷ суд надорад.

[Гӯр] ин бигуфт, Қуркуб бархост, то биравад. Гӯр гуфт:
— Он чӣ бо худ овардай, бо худ бибар, ки ман намехоҳам.

Қуркуб гуфт:
— Ҳар чӣ овардам, бозпас бурдан раво нест.

Гӯр гуфт:
— Баргир, ки инро ба мол аз роҳ натавон бурдан.
Қуркуб мол баргирифт ва рӯй ба роҳ ниҳод, то пеши Готӯш омад ва аҳвол чунон ки рафта буд, бозгуфт.
Готӯш гуфт:
— Аз баҳри он турк фиристодам, то аҳвол бидонӣ. Пеши Шоҳин бояд рафтан ба Шаҳдара ва нома бурдан бо хилъат ва аҳвол намудан.

  • Наво — тарад.
пешина
аз 283
навбатӣ