Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Мардумон сокин шуданд. Бинёмаданд ва он ахвол бо Ғӯр бигуфтанд, ки расуле омадааст. Ғӯр гуфт:
— Ӯро биёваред, то бингарам, ки чӣ пайғом овардааст.
Биёмаданд, Куркубро пеши Ғӯр оварданд.
Самак бо ёрон пеши Ғӯр нишаста буданд. Куркуб даромад ва хизмат кард. Ғӯр ӯро бинавохт ва гиромӣ кард. Куркуб он молу неъмат, ки оварда буд ва хилъат арз кард. Ғӯр гуфт:
— Мол дидам, ки овардай. Ман мол беш аз ин дидаам ва мебинам. Бигӯй, то чӣ пайғом дорӣ.
Куркуб гуфт:
— Эй паҳлавон, Арманшоҳ салом мерасонад ва мегӯяд, ки «Паҳлавони Ғӯр донад, ки ҳаргиз ранҷе аз вай ба ман нарасидааст ва раво надоштаам, ки аз ман ранҷе ба вай расад. То бад-ин ғоя чунон ки хост, рӯзгор мегузошт ва ӯро мусалламу маоф дошта будам ва дар ҳеҷ рӯзгор хироҷе нахостам ва пайкоре нафармудам ва хизмате накард, чунон ки подшоҳонро кунанд. Акнун ӯро бояд ки бо душман яке бошад ва бар ман берун ояд ва расуле фиристам ва ӯро бикушӣ? Аз рӯзгори Каюмарсу Ҷамшед то бад-ин ҳангом кадом подшоҳ ё кадом паҳлавон расул куштааст ё фармуда? Макун, ки ин нек набошад. Ва ҳама вақт яксон набувад ва ҷаҳон ба ком набошад. Ту медонӣ, ки лашкари Дувоздаҳдара дар чӣ миқдоранд. Агар ҷумла ба душмани ту бархезад, зиён дорад. Аз баҳри ду-се тан, ки пеши ту омадаанд, ба тарки хонумон ва то ду¹ бум² магӯй. Ишонро ба ман фирист ва ин кина аз дил берун кун, то подшоҳии Дувоздаҳдара ба ту арзонӣ дорем ва дар подшоҳӣ бо ҳам шарик бошем».
Ғӯри Кӯҳӣ гуфт:
— Ман чанд бор гуфтам, ки зинҳориро ба дасти гургон надиҳам ва ман худ на он мардам, ки аз гуфтору кирдори ту андеша кунам. Агар то ин ғоят осуда будам ва хироҷ нафиристодам ва ба хизмат наёмадам, ин қоидаест, ки аз дер сол бозрафтааст, ки падару падарони ман ба хизмати ҳеҷ подшоҳ нарафтаанд ва хироҷ надодаанд.
Хироҷ маро аз баҳри чӣ бояд додан? Оҷизи касе будам, ки ба хизмат омадаме? Агар бо душмани шоҳ яке шудам, агар душмананд, бигӯ, ки душмани туанд ва агар на, маро дӯстон ва бародарон ва фарзандони мананд, ва яке,
¹ Зод — фарзанд; ² Бум — замин, макон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё