Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Куркуб рӯй ба роҳ ниҳод, то бар канори Шаҳдара омад. Хабар ба Шоҳон бурданд, ки расуле омадааст. Шоҳон истиқбол кард, то Куркубро фуруд оварданд ва ӯро бинавохтанд ва гиромӣ кард ва меҳмон дошт, то Куркуб номаи шоҳ берун кард ва бӯса доду ба дасти Шоҳон дод ва он молу он хилъат арз кард. Шоҳон нома боз кард ва бархонд ва маънии он маълум кард. Куркубро гуфт:

— Фармонбардорам. Аммо шоҳ акнун моро ба ёд овард? Имрӯз Шоҳон маро мехонад ва подшоҳи ҳафтод дара бар дувоздаҳ дара фармон диҳам. Итобҳо дорам, то вақти гуфтор бошад. — Гуфт: — Эй Куркуб, ту ба саодат бозгард ва пеши Готуш мебош, то ман лашкар ҷамъ кунам ва биёям. Агарчи Ғӯри Кӯҳӣ бародари падари ман аст, бо вай коре кунам аз баҳри дили шоҳ, ки ман худ аз вай дарде дорам, ки то ҷаҳон бошад, бозгӯянд ва он чӣ сазои вай бошад, канори вай ниҳам.

[Шоҳон] ин бигуфт, Куркуб рӯй ба роҳ ниҳод ва пеши Готуш бозомад ва он чӣ аз Шоҳон шунида буд, бозгуфт ва пеши Готуш мебуд.

Мо омадем ба ҳадиси Шоҳон ва корсозӣ кардану сипоҳ ҷамъ кардан. Чунин гӯяд худованди ҳадису ровии қисса, ки чун Куркуб рӯй ба роҳ ниҳоду пеши Готуш рафт, дархол Шоҳон кас ба зери қалъа фиристод, то овоз доданд. Ва занон ки дар қалъа буданд, биёмаданду нардбон фурӯ гузоштанд ва мард ба қалъа рафт — бар он қалъа, ки Газбон кутвол буду Самак ӯро кушта буд. Ва ин қалъа бар Шаҳдара ниҳода буд ва Шаҳдара дар миёни Дувоздаҳдара ниҳода буд. Ва бар болои қалъа табле ниҳода буданд рунӣ, ки ҳар он гоҳе, ки коре муҳим будӣ, ва хостандӣ, ки мардуми Дувоздаҳдара ҳозир шудандӣ, он кӯс фурӯ кӯфтандӣ, ки овози он ба дувоздаҳдара расидӣ, бидонистанд, ки коре афтодааст; рӯй ба Шаҳдара ниҳоданд.

ПАС дарҳол мард болои қалъа омад ва он кӯс фурӯ кӯфт. Чун мардум аз дара овози кӯс шуниданд, рӯй ба Шаҳдара ниҳоданд, ки худ аз масоф кардани Готуш бо Ғӯри Кӯҳӣ хабар доштанд. Донистанд, ки ишонро аз баҳри он мехонанд Рӯй ба Шаҳдара ниҳоданд. Ба як

1 Итоб — ба маънии гила.

пешина
аз 283
навбатӣ