Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кар ва ҷавоне зери алам ва перомуни вай миқдори ҳафт ҳазор савор. Қуркуб гуфт:
— Эй паҳлавон, ин аз кадом дара аст ва ӯро ном чиз аст?
Ғотуш гуфт:
— Ин ҷавонро ном Некӯст, аз дараи Ранг ва ин дара ба номи падари вай бозхонанд, ки падари вайро ном Ранг буд. Маъруф бад-ин аст.
Чун Некӯ даргузашт, аламе дигар падид омад кабудранг, бозпайкар. Ҷавоне зери он алам, миқдори даҳ ҳазор савор бо вай. Қуркуб гуфт:
— Ин кист ва аз кадом дара аст?
Ғотуш гуфт:
— Ӯро ном Дудхон аст ва аз дараи Сиёҳ.
Чун ишон даргузаштанд, аламе падид омад, юзпайкар, бо вай миқдори чаҳор ҳазор савор, ҳама ҷавонони чолок ва испаҳбад 1 марде каҳл 2 буд.
Қуркуб гуфт:
— Ин кист?
Ғотуш гуфт:
— Ӯро Ӯузи Ҷоҳӣ хонанд ва аз дараи Чоҳ аст.
Ишон даргузаштанд. Аламе дигар расид, палангпайкар. Дар зери он алам ҷавоне бо ҳайбату сиёсат ва миқдори шаш ҳазор савор бо вай, ҳама пӯшида. Қуркуб гуфт:
— Ин кист?
Ғотуш гуфт:
— Ӯро Плок хонанд, аз дараи Ғазбон аст, ин бародари ман буд. Самак ӯро дар қалъа бикушт. Ин дари ба номи вай бозмехонанд.
Қуркуб гуфт:
— Бародари ту дар қалъа буд ва ин дара дер аст то ҳаст. Чӣ маъни дорад ба номи касе бозхондан?
Ғотуш гуфт:
— Бародари ман дар он дара буд ва бисёр солҳо дошт. Дара ба Ғазбон маъруф шуд. Пас ба қалъа шуд, ки маъруф гашта буд. Ва пир буд, дара ба Илок супурд.
Ҳар дара аз ин ба чанд ном гаштааст. Ҳар як чанд сол марде паҳлавон дар он дара бошад ё ба номи вай бозхонанд ва ҳарчӣ қадим бувад ҳам, бад-он ном бозмехонанд.

1 Испаҳбад — сарлашкар; 2 Каҳл — миёнсол.

пешина
аз 283
навбатӣ