Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Шоҳон гуфт:
— Маслиҳат нест ин ҳама лашкар ба як бор ба сари дараи Ғӯр шудан, ки ҷойгоҳ танг аст ва низ Ғӯр марде кордон аст ва ман ҳоли вай донам. Ҳамин ҷойгоҳ мебояд буд. Ҳар рӯз паҳлавоне ба навбат масоф мехоҳад.
Ғотуш гуфт:
— Некӯ гуфтӣ. Чунин бояд кардан.
Ҳамгинон бар ин қарор доданд ва бархостанд.
Некӯ ва Бармакӣ ва Дудхон ва Куном ва Хузи Чоҳӣ ва Плок ва Амирак, ва Сангон ва Хулон ва бародари Хушном Ҳуранг бо ҳам гуфтор мекарданд. Ҳар яке мегуфтанд: «Мо аз пеш биравем». Шоҳон гуфт:
— Ҳусумат мекунед, ки на ба ҳалво хӯрдан меравед. Чунон ки хурӯҷ кардед, ҳам бар он сабил ба ҷанг меравед.
Некӯ гуфт:
— Муқаддимаи лашкар ман будам. Навбати аввали ҷанг марост.
Шоҳон гуфт:
— Раво бошад.
Ин бигуфтанду равона шуданд, то шаб ба охир омад.
Аз бомдоди пагоҳ Некӯ бо ҳашт ҳазор савори ороста рӯй ба сари дараи Ғӯр ниҳоданд. Хабар ба Ғӯри Кӯҳӣ бурданд, ки лашкари ёздаҳ дара рӯй ба ту ниҳоданд ва ба сари дара гирд омаданд. Ғӯр гуфт:
— Чун овози дуҳул аз қалъа шунидам, донистам, ки лашкар гирд меоваранд. Моро аз лашкари олам чӣ бок аст?
Пас чун Некӯ ба сари дара омад, бо Ғӯр бозгуфтанд. Бифармуд, то лашкар ҷамъ шуданд. Дувоздаҳ ҳазор савор аз баҳри ҷанг рӯй ба сари дара ниҳоданд. Ду лашкар баробари якдигар омаданд. Овози дуҳули ҷанг аз ҳар ду ҷониб баромад. Нақибон сафи ҳар ду сипоҳ рост бидоштанд. Самак пеши Ғӯри Кӯҳӣ омад ва хизмат кард. Гуфт:
— Эй паҳлавон, дастурӣ [деҳ], то банда майдондорӣ кунад, ки ин кор моро афтодааст ва ин ҳама ошӯбу ҷанг аз барои мост. Шояд ки мо низ коре бикунем, ки агар на аз баҳри мо будӣ, ишонро бад-ин масоф чӣ кор ва бо ту чӣ кина доранд?
Ғӯр гуфт:
— Эй Самак, на чанд навбат гуфтам, ки шуморо бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё