Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

осӣ мегардед? Макунед, макунед! Ва ин бандиёнро даст бидореду ин ҷанг дар боқӣ кунед. Аз кадом рӯзгор дар кадом дара ин ҳаракат карданд?
Кӯҳйёр гуфт:
— Эй паҳлавон, бисёр аз ин шунидем. Агар ба ҷанг омадай, биёвар то чӣ дорӣ, ва агар на, бозгард, то дигарс дар майдон ояд.
Неку гуфт:
— Оре паҳлавон, маро бозгардонед! Бинӣгар таъни синони найзаи мардон! — Ин бигуфт ва бо найза ба вай даромад.
Кӯҳйёр найзаи вай ба найза бигирифт. Найза ба найзаи якдигар афканданд ва бисёр бикӯшиданд, то найзаҳо дар дасти ишон бишикаст. Найзаҳои шикаста аз даст бияндохтанд ва теғҳои алмосранг аз ҷуфт ҷудо карданд ва даракҳо дар сар кашиданд ва теғ дар сару фарқи якдигар ниҳоданд, то теғҳо дар дасти ишон бишикаст.
Неку мукобир даромад ва камарбанди Кӯҳйёр бигирифт. Ҳанӯз Кӯҳйёр огаҳ нагашта буд, ки Неку ӯро аз пушти зин баргирифта буд ва бар сари даст оварда буд ва ӯро пеши лашкар оварда буд. Гуфт:
— Ӯро барбандед ва ба Ғотуш фиристед, то ҳар чӣ хоҳад, бо вай кунад, ки аз вай бисёр нолидааст.
Ӯро пеши Ғотуш бурданд. Бигуфтанд:
— Ин бародари Ғӯри Кӯҳист.
Гуфт:
— Ӯро нигоҳ бояд доштан, то пеши Арманшоҳ фиристем. — Бифармуд, то ӯро банд барниҳоданд ва боздоштанд ва мувақкалон бар вай гумоштанд.
ПАС Неку ба майдон бозомад ва наъра заду мард хост.
Ғӯри Кӯҳӣ дилтанг буд. Кӯҳйёр хост то дар майдон равад, Рӯзафзун хизмат кард. Ҳеҷ нагуфт. Асп дар майдон ҷаҳонинд. Баробари Неку омад ва бонг бар пой зад.
Неку дар вай нигоҳ кард, гуфт:
— Кистӣ, ки ман ҳаргиз туро надидаам дар ин дара?
Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, ман аз ин дара нестам, аммо ин ҷойгоҳам. Маро надидай, аммо мешиносӣ. Манам Рӯзафзун.
Неку гуфт:

пешина
аз 283
навбатӣ