Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

то ӯро теғе занад, ки Некӯ худро бозгирифт ва бо худ гуфт, ки «инро на аз дасти дигарон аст. Ӯро зане пин доштам. Рост аст, ки сад паҳлавон аст». — Ин бо худ гуфт ва найза аз ҷой барканд ва ба Рӯзафзун даромад.
Рӯзафзун найзаи ӯ ба найза бигирифт. Пас найза ба найзаи якдигар афканданд ва бисёр бо ҳам бикушиданд, то найзаҳо дар дасти ишон бишикаст. Бияндохтанду теғҳо аз ҷуфт ҷудо карданд ва дарахҳо дар сар обарданд ва чандон теғ бар сару фарки якдигар заданд, ки ду лашкар ба мардин ишон бозмонданд. То теғҳо дар дасти ишон чун арра шуд.

Дар ҷанг гарм гашта буданд, ки Некӯ даромад па камарбанди Рӯзафзун бигирифт. Рӯзафзун низ камарбанди ӯ бигирифт. Ҳар ду қуввати бисёр карданд. Аз қуввати бисёр, ки карданд, аспи Некӯро пушт бишикаст ва шикам бар замин ниҳод. Некӯ бихост афтодан, ки Рӯзафзунро ба худ кашид, ки ҳар ду аз пушти асп ҷудо шуданд. Аз бисёр ки дар майдон чавлон карданд ва бо ҳам бигашта буданд, ба наздики лашкари Некӯ афтоданд. Дар он ҳол, ки ҳар ду аз асп ҷудо гашта буданд, лашкари Некӯ даромаданд ва Рӯзафзунро бигирифтанд.

Некӯ гуфт:
— Зинҳор ки ӯро ром кунед, то ба зани хеш кунам.
Ӯро ба хайма бурданд. Рӯзафзунро банд барниҳоданд. Ишон аз хуррамӣ ва лашкари Гӯр аз дилтангӣ табли осоиш бизаданд. Ҳар ду лашкар бозгаштанд.
Некӯ пеши Фотуш рафт ва аҳвол бо паҳлавонон мегуфт.
Ҳамгинон хуррам шуданд ва нишот карданд ва ба шараб хӯрдан машғул шуданд.

Аз он ҷониб Гӯри Кӯҳӣ бозгашт аз баҳри бародару Рӯзафзун дилтанг, то фуруд омаданд.

Самакро гуфт:
— Эй паҳлавон, дидӣ ки чӣ кардӣ? Ҳар чӣ мегӯям, на он мекунӣ, ки муроди ман аст. Рӯзафзун дар майдон рафт ва гирифтор омад ва номзиштӣ ба ҳосил омад.
Маро ғами бародар чандон нест, ки ғами Рӯзафзун, ки бародари маро ба мардӣ гирифтанд ва аз он номзиштӣ наёяд. Аз гирифтор шудани Рӯзафзун маро чандон номзиштӣ ҳаст.

Самак хизмат кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, кор чунон ояд, ки тақдири эзидӣ бувад ва ба ҷаҳди мо ҳеҷ нест. Акнун ғам натавон хӯр.

пешина
аз 283
навбатӣ