Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Некӯ Рӯзафзунро ба хаймаи хеш бурд, дар он хайма, ки баробар аст ва рӯшноӣ метобад.
Самак хаймаро нишон кард ва бар дари хайма омад ва ба гӯшаи хайма биистод, ки ногоҳ Рӯзафзунро дид, ки бо Некӯ мегуфт: ·
— Эй Некӯ, маро бияфкандӣ, ки оҷизи ту бошам?
Агар чунон будӣ, ки маро асир гирифтӣ, ҳам ба ту сар наёвардаме. Чун ба доми ту гирифторам, худ медонӣ, ки агар чӣ паҳлавон бошад, бо ду зан барнаёяд, хосса ки бо ҳазор мард.
Некӯ гуфт:
— Бешарм занеӣ, ки дар бандӣ ва ин ҳама мегӯӣ.
Дар дасти ман афтодӣ, чунон ки хоҳам, кунам ва донам, ки бо ту чӣ мебояд кардан.— Шароб мехӯрд ва ҷуръа бар вай мерехт.
Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, кори ман бар он нарасидааст, ки ту шароб хӯриву ҷуръа бар ман резӣ. Агар чунон будӣ, ки маро ба мардӣ афканда будӣ, раво будӣ, ва агар на, маро яке кор бикун, то туро он чӣ мурод бошад, ба ҷой оварам.
Некӯ гуфт:
— Чӣ мехоҳӣ? Бигӯй.
Рӯзафзун гуфт:
— Хайма холист, ману ту ба куштӣ гирифтан машғул шавем. Агар маро бияфкандӣ, маро ба мардӣ гирифта бошӣ. Баъд аз он ҳеҷ нагӯям. Ҳар чӣ мехоҳӣ, кун, ҳукм туро бошад. Ва агар ман туро бияфканам, ин ҳама ноҳамворӣ макун ва он чӣ ногуфтанӣ бошад, магӯй, ки на кори озодагон бошад ва агар ман туро бияфканам ин сухан чист? Ман аввратам, ҳеҷ ғам нест ва нанг набошад.
Самак ин сухан гуфтан аз вай мешунид дар он ҷойгоҳ, офарин бар вай мекард, то Некӯ гуфт:
— Эй Рӯзафзун, магар дар зӯрозмоӣ маро намешиносӣ? — Бархост ва банд аз пои Рӯзафзун баргирифт.
Якеро гуфт:
— Бинингар то силоҳ бо вай чист?
Хидматгор пеши вай рафт, то даст бар вай ниҳад то чӣ дорад. Рӯзафзун гуфт:
— Ман бо ту ҳеҷ ҳамният намебинам. Мардон чунин кунанд? Охир на маро ба занӣ хоҳӣ кардан, бигузор то марди бегона даст бар ман ниҳад? Ходимону кунон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё