Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

лааст ва ду сари бурида дорад ва мегӯяд «сухане бо паҳлавони Ғотуш дорам».
Ғотуш гуфт:
— Ӯро дароваред.
Биёмаданд ва Рӯзафзунро пеши Ғотуш оварданд.
Чун даромад, хизмат кард ва он ду сари бурида пеши Ғотуш дар поёни тахт биниҳод.
Ғотуш гуфт:
— Ин сарҳо чист, ки овардӣ?
Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, ин ду сари бурида Некӯ бифиристод ва гуфт: «Ин ду тан бо ҳам савганд хӯрда буданд, ки биёянду Кӯҳшёрро бибаранд. Кас омаду аҳвол бо ман бигуфт. Ишонро бихондам ва сар аз тан ҷудо кардам, сари ишон ба хизмат фиристодам. Бояд ки Кӯҳшёрро ба дасти ин мӯътамад бифиристӣ, то ман ӯро нигоҳ дорам.
На бояд ки касе дигар биёяду ӯро бибарад, чунон ки Сурхвард ро бибурданд, ва маслиҳат чунин аст».
— Рост мегӯяд, ки Некӯ ӯро гирифтааст ва худ нигоҳ медорад, то вақти он ки пеши шоҳ бояд фиристод ё ҳалок бояд кардан. — Гуфт: — Бирав ва ӯро бибар.
Рӯзафзун биёмад ва ӯро дид банд барниҳода ва дар хаймаи дигаре афканда. Рӯзафзун банд аз пои Кӯҳшёр баргирифт. Кӯҳшёр андеша кард ва гуфт: Магар ӯро сиёсат мекунанд. Рӯзафзун донист, ки тарсид, ки ҷойгоҳи тарс буд. Сар дар гӯши Кӯҳшёр ниҳод ва гуфт:
— Эй паҳлавон, матарс, ки ман Рӯзафзунам.
Кӯҳшёр чун ин бишунид, хуррам шуд ва офарин кард.
Чун Рӯзафзун ӯро баркушод, дасти вай бозпас баст ва полҳанг дар гардани вай кард ва аз пеши ишон берун омад. Чун порае роҳ биёмад, дасти ӯ бикушод.
Гуфт:
— Эй паҳлавон, ба дара натавонем рафтан. Ту сари хеш гиру дар ин баробар бирав, ки роҳест бар теғи кӯҳ меравад, ки Сурхвард ҳам бар ин роҳ рафт. Чун аз кӯҳ бигузарӣ, аз дасти рост роҳе меравад ба марзири Зафарон. Пеши Хуршедшоҳ рав, ки Сурхвард он ҷост ва туро мешиносад. Ва аҳволи мо бо шоҳ бигӯй, ки чӣ гуна гирифтор омадем, то моро лашкар фиристад.
Ин бигуфт ва Кӯҳшёрро бифиристод. Гуфт: «Ман ба чора ҷаҳд кунам, ки ба ҷойгоҳ тавонам рафт». — Рӯзафзун рӯй ба дарини Ғӯри Кӯҳӣ ниҳод.
Аз он ҷониб чун Самак аз пеши Рӯзафзун биёмад,

пешина
аз 283
навбатӣ